^Ба аввал
  • 1 Аз Оиннома
    Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ташкилоти мустақили ҷамъиятии соҳавии умумиҷумҳуриявӣ буда, вай дар асосҳои ихтиёри ҳамаи кормандоне, ки аз рӯи манфиатҳои умумии фаъолияти соҳаҳои истеҳсоли ва ғайриистеҳсолиашон дар ташкили шаклҳои гуногуни соҳибият, дар коркарди саноати металлургия, конҳои кӯҳӣ, маъдантозакунӣ, мошинсозӣ, тилло, сангҳои қиматбаҳо ва ороиши, ҷавоҳирот, металлкоркунӣ ва дигар соҳаҳои ҳамқаробати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам алоқаманд бударо муттаҳид месозад.
  • 2 Аз Оннома
    Мақсади асосии иттифоқи касаба ин беҳтар кардани шароити зист ва меҳнати аъзоёни иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», тавассути муттаҳидкунии онҳо ва мустаҳкам кардани амалиети ташкилотҳои иттифоқи касаба, ба амал баровардани ҳуқуқҳои иттифоқи касаба ва сохторҳои он барои иштирок дар идоракунии истеҳсолот, ҳифзи иҷтимои-меҳнатӣ, касбӣ, иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқҳо ва манфиатҳои фардӣ ва коллективии аъзоёни иттифоқи касаба мебошад.
  • 3 Аз Оиннома
    Аъзои иттифоқи касаба ҳар як корманд шуда метавонад, ки дар ташкилотҳои дар банди 1.2. Оинномаи мазкур нишон дода шуда, машғули коранд, сарфи назар аз шакли моликият, шахси ба фаъолияти фардӣ-меҳнатӣ машғул буда, инчунин хонандагон (донишҷӯёни) муассисаҳои таълимии соҳавӣ, ки синну солашон ба 15 расидаст ва Оинномаи мазкурро эътироф менамоянду мунтазам ҳаққи аъзоги месупоранд.
  • 4 Аз Оиннома
    Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» аз руи принсипи ҳудудӣ - истеҳсолӣ ташкил ёфтааст, ки ин мазмуни афзалияти мувофиқати сохтори ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ба сохтори хоҷагии он дар доираи ташкилоти ҳудудии иттифоқҳои касаба бударо дорад.
  • 5 Аз Оиннома
    Асоси фаъолияти иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» - ҳамраъйӣ, ёрии ҳамдигарӣ ва ягонагии амалиёти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба мебошад.
baner

Асосӣ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!!!

Ҳамватанони гиромӣ

Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл») тамоми ҳамватанонро бо фарорасии ҷашни бузурги миллию давлатӣ – 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқану самимона табрику таҳният менамояд.

Дар бисту ҳашт соли истиқлолият бо сарварии окилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомали Рахмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишварро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем; ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.

Дар ин рӯзи фируз, Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони геология, саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл») ҳамаи Шуморо ҳамватанони азизу меҳрубон бо Ҷашни пуршукуҳи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳнияти фаровон гуфта, бароятон саломативу сарбаланди ва дар кору фаъолияти пурсамаратон неруи тоза ва комёбихои нав орзумандем.

  Бигузор, Ҷашни Истиқлолият ба кишвари мо шукуфоӣ ва пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирӯзии комил оварад.

 

Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони геология,

саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»)

 Яндекс.Метрика