Асосӣ

Эълон!

Ба диққати раисони Кумитаи иттифоқи касабаи соҳа дар вилояти Суғд – Зикиряев Ю.Т., Кумитаи иттифоқи касабаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» - Мадалиев М.М., Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳақназаров Ҷ., кумитаҳои иттифоқи касабаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои соҳа расонида мешавад,ки санаи 12 январи соли 2019 соати 10:00 дар маҷлигоҳи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баргузор мегардад.

Аз раисони ҳамаи ташкилотҳои иттифоқи касабаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои соҳа хоҳиш карда мешавад, ки то санаи 05 январи соли чорӣ ҳисоботҳоии оморию молиявӣ, маълумотномаҳо, нақшаҳои корӣ, ҷадвали вазифаҳо, харҷномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро ва Кумитаи Марказӣ дастрас намоянд.