^Ба аввал
  • 1 Аз Оиннома
    Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ташкилоти мустақили ҷамъиятии соҳавии умумиҷумҳуриявӣ буда, вай дар асосҳои ихтиёри ҳамаи кормандоне, ки аз рӯи манфиатҳои умумии фаъолияти соҳаҳои истеҳсоли ва ғайриистеҳсолиашон дар ташкили шаклҳои гуногуни соҳибият, дар коркарди саноати металлургия, конҳои кӯҳӣ, маъдантозакунӣ, мошинсозӣ, тилло, сангҳои қиматбаҳо ва ороиши, ҷавоҳирот, металлкоркунӣ ва дигар соҳаҳои ҳамқаробати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам алоқаманд бударо муттаҳид месозад.
  • 2 Аз Оннома
    Мақсади асосии иттифоқи касаба ин беҳтар кардани шароити зист ва меҳнати аъзоёни иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», тавассути муттаҳидкунии онҳо ва мустаҳкам кардани амалиети ташкилотҳои иттифоқи касаба, ба амал баровардани ҳуқуқҳои иттифоқи касаба ва сохторҳои он барои иштирок дар идоракунии истеҳсолот, ҳифзи иҷтимои-меҳнатӣ, касбӣ, иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқҳо ва манфиатҳои фардӣ ва коллективии аъзоёни иттифоқи касаба мебошад.
  • 3 Аз Оиннома
    Аъзои иттифоқи касаба ҳар як корманд шуда метавонад, ки дар ташкилотҳои дар банди 1.2. Оинномаи мазкур нишон дода шуда, машғули коранд, сарфи назар аз шакли моликият, шахси ба фаъолияти фардӣ-меҳнатӣ машғул буда, инчунин хонандагон (донишҷӯёни) муассисаҳои таълимии соҳавӣ, ки синну солашон ба 15 расидаст ва Оинномаи мазкурро эътироф менамоянду мунтазам ҳаққи аъзоги месупоранд.
  • 4 Аз Оиннома
    Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» аз руи принсипи ҳудудӣ - истеҳсолӣ ташкил ёфтааст, ки ин мазмуни афзалияти мувофиқати сохтори ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ба сохтори хоҷагии он дар доираи ташкилоти ҳудудии иттифоқҳои касаба бударо дорад.
  • 5 Аз Оиннома
    Асоси фаъолияти иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» - ҳамраъйӣ, ёрии ҳамдигарӣ ва ягонагии амалиёти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба мебошад.
baner

Оиннома

ОИННОМАИ

Иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан

ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»)

 

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Номи иттифоқи касаба - Иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»).

1.2. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ташкилоти мустақили ҷамъиятии соҳавии умумиҷумҳуриявӣ буда, вай дар асосҳои ихтиёри ҳамаи кормандоне, ки аз рӯи манфиатҳои умумии фаъолияти соҳаҳои истеҳсоли ва ғайриистеҳсолиашон дар ташкили шаклҳои гуногуни соҳибият, дар коркарди саноати металлургия, конҳои кӯҳӣ, маъдантозакунӣ, мошинсозӣ, тилло, сангҳои қиматбаҳо ва ороиши, ҷавоҳирот, металлкоркунӣ ва дигар соҳаҳои ҳамқаробати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам алоқаманд бударо муттаҳид месозад.

1.3. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» фаъолияти худро дар сарзамини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. 

1.4. Суроғаи Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 20.

1.5. Бо қарори Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ва розигии мақомоти дахлдор, суроғаи он мумкин аст тағйир ёбад.

1.6. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва Оинномаи мазкурро ба роҳбари мегирад.

1.7. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дар фаъолияти худ мустақил буда, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корфармоён, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вобаста набуда, ба онҳо ҳисоботдиҳанда ва таҳти назорат нест. Масъалаҳои ҳамкориро бо онҳо дар асоси шарикии баробарҳуқуқ мустақилона ҳал мекунад, дар интихоботҳои мақомоти ҳукуматии ҳама сатҳҳо, аз рӯи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузори иштирок менамояд.

1.8. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» мустақилияти пурраи ташкилӣ, молиявӣ   ва  хоҷагии  худро  нигоҳ  дошта,  қисми ҳаракати иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо қарори анҷуман ё пленуми худ, иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» метавонад ба ҳайати ташкилоти иттифоқҳои касабаи ҷумҳурияви, байналмилали (соҳавии байналмилали) дохил гардад, муносибатҳои худро бо онҳо дар асосҳои федералӣ ба роҳ монад ва як қисм ваколатҳои худро ба онҳо гузорад.

1.9. Асоси Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро аъзоёни иттифоқи касабаи дар ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба муттаҳид буда, ташкил менамоянд.

1.10. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», ташкилотҳои вилоятӣ ва ибтидоии иттифоқи касабаи он, ки дар асоси тартиботи муқаррар гардида ба қайд гирифта шудаанд, шахсони ҳуқуқӣ буда, дар бонкҳо суратҳисобҳои худ, мӯҳр ва мӯҳри мудаввари намунаи муқарраргардидаи худро доранд.  Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» парчами ягона ва тамғаи анҷуман тасдиқ карда шударо дорад.

1.11.  Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахси ҳуқуқиро аз номи ташкилотҳо инҳо иҷро мекунанд:

- Иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон («Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл») - Кумитаи Марказӣ;

-ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба-кумитаи вилоятии иттифоқи касаба;

-ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба–кумитаҳои иттифоқи касаба.

 

II. МАҚСАДИ АСОСИ ВА ВАЗИФАҲОИ МУҲИМТАРИНИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

2.1. Мақсади асосии иттифоқи касаба ин беҳтар кардани шароити зист ва меҳнати аъзоёни иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», тавассути муттаҳидкунии онҳо ва мустаҳкам кардани амалиети ташкилотҳои иттифоқи касаба, ба амал баровардани ҳуқуқҳои иттифоқи касаба ва сохторҳои он барои иштирок дар идоракунии истеҳсолот, ҳифзи иҷтимои-меҳнатӣ, касбӣ, иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқҳо ва манфиатҳои фардӣ ва коллективии аъзоёни иттифоқи касаба мебошад.

2.2.  Вазифаҳои муҳимтарини иттифоқи касаба:

2.2.1. Ҳифзи шуғл ва кумак расонидан барои барпо кардани ҷойҳои нави корӣ, тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёркунии кадрҳо, пешгирии ба таври оммавӣ аз кор озодкунӣ.

2.2.2. Комёб шудан ба шароити арзанда ва одилонаи музди меҳнат, кӯмак ва нафақапулӣ, ҳифзи иҷтимоии аъзоёни иттифоқи касаба.

2.2.3. Назорати риояи қонунгузории меҳнат аз тарафи корфармо. Ҳифзи аъзоёни иттифоқи касаба аз ғайриқонуни танбеҳ додан ва аз кор озод кардан.

2.2.4. Аз тарафи корфармоён оиди дар истеҳсолот таъмин намудани шароити солим ва бехатарии меҳнат ва ҳолати меъёрии муҳити истеҳсолот ва атрофро назорат кардан. 

2.2.5. Иштирок кардан дар мукаммал намудани қонунгузории иҷтимоию меҳнатӣ, мухолифат ба кӯшишҳои пасткунии ҳимояи ҳифзи иҷтимоии кормандон.

2.2.6. Мустаҳкам намудани ҳамраъйии иттифоқҳои касаба, ҳимояи ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба.

2.3. Барои муваффақ гардидан ба мақсад ва ба амал баровардани вазифаҳои худ иттифоқи касаба, мақомоти интихоби ва намоядагони он ҳуқуқ ва вазифадоранд:

2.3.1. Ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касабаро оиди масъалаҳои фардии меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба меҳнат алоқамандро дар мақомоти қонунгузор, ҳокимияти иҷроя ва худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва дигар ташкилотҳо, дар назди корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои муштарак ва хориҷи ҳимоя кунанд.

2.3.2. Шарикии иҷтимоиро вусъат диҳанд.

2.3.3. Аз номи кормандон оиди масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ гуфтушунид кунанд, бо корфармоён, мақомоти болоии (вазоратҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо) соҳавӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ банданд, ва рафти иҷрои онҳоро назорат намоянд.

2.3.4. Манфиатҳои кормандонро, сарфи назар аз аъзогии иттифоқи касаба, оиди масъалаҳое, ки дар мавриди ҳал кардани баҳсҳои меҳнати коллективӣ бармеояд, бо ҳама воситаҳои қонуни, ҳатто то эълон намудани корпартоӣ ифода ва ҳимоя намоянд.

2.3.5. Дар ба амал баровардани барномаи тараққиёти истихроҷи маъдан, металлургия, дарёфт ва коркарди сангҳо, металлҳои қиматбаҳо ва дигар соҳаҳои ҳамқаробати саноати ҷумҳурӣ иштирок намоянд.

2.3.6. Вазъияти шуғл ва риояи қонунгузориро дар ин соҳа назорат кунанд, дар таҳияи барномаҳои шуғл, чораҳо оиди ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки дар натиҷаи аз нав ташкилшави ё барҳам додани корхонаҳо озод мешаванд, ихтисори миқдор ё мансабҳо иштирок намоянд.

2.3.7. Дар ҳалли масъалаҳои ташкили омузиши пай дар пайи касбӣ, васеъ кардани миқъёс, давомноки ва беҳтар кардани сифати тайёри ва аз нав тайёркунии доимии кормандон аз ҳисоби маблағҳои ташкилот ва давлат, иштирок намоянд.

2.3.8. Барои ба амал баровардани барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ, минтақавӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити табии атроф, кор карда баромадани меъёрҳои ҳуқуқӣ ва дигар санадҳо, ки масъалаҳои ҳифзи меҳнат, пешгири кардани касалиҳои касбӣ ва бехатарии муҳитро ба тартиб   медарорад, кӯмак расонанд.

2.3.9. Нозироти ҳуқуқӣ ва техникии меҳнатро барои пурзӯр намудани назорати иттифоқи касаба оиди риоя кардани қонунгузорӣ дар бораи меҳнат таъсис диҳанд. Ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои онҳо бо мақомоти давлатии назорат ҳамкорӣ намояд.

2.3.10. Оид ба масъалаҳои: дараҷаи сатҳи зиндагӣ, буҷаи оила, касодшавӣ, бекорӣ, ҳифз ва беҳдошти меҳнат, пардохт ва меъёри меҳнат ва ғайра таҳқиқ ва таҳлил гузаронад.

2.3.11. Дахолати корфармоёнро дар фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихоботии онҳо роҳ надиҳад.

2.3.12. Тайёри, такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба ва омузиши фаъолони иттифоқи касабаро ба амал барорад, таҷрибаи кори ташкилотҳои иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ва дигар иттифоқҳои касабаро омӯзад ва паҳн намояд.

2.3.13. Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоёни иттифоқи касаба бо дигар иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии мамлакат ҳамраъйӣ зоҳир намоянд.

2.3.14. Ҳамраъии кӯҳкорҳо ва металлургҳо, кормандони дигар соҳаҳои саноати металлкоркунии мамлакатҳои ҷаҳонро мустаҳкам намоянд, робитаҳои байналмилалиро инкишоф диҳанд.

2.3.15. Дар асоси баробарҳуқуқи дар идора намудани фондҳои давлатии суғуртаи иҷтимоӣ, шуғл, суғуртаи тиббӣ, нафақа ва дигарҳо, ки аз ҳисоби ҳаққи аъзогиҳои суғуртавӣ ташкил меёбанд, иштирок намоянд.

2.3.16. Дар байни аъзоёни иттифоқи касаба ва оилаҳои онҳо чорабиниҳои солимгардонӣ ва маданӣ-оммавӣ, варзишӣ ташкил намоянд ва гузаронанд.

 

III. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

3.1. Асоси фаъолияти иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» - ҳамраъйӣ, ёрии ҳамдигарӣ ва ягонагии амалиёти ташкилотҳои иттифоқҳои касаба мебошад.

3.2. Баробарҳуқуқии ҳамаи аъзоёни иттифоқи касаба.

3.3. Бо таври демократи интихоби ҳамаи мақомоти роҳбарикунандаи иттифоқи касаба ва ҳисоботдиҳанда будани онҳо ба аъзоёни иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл».

3.4. Афзалияти мазмуни асосии Оиннома дар қабули қарорҳо, эҳтиром ва ба ҳисоб гирифтани ақидаҳои ақаллият то қабули қарорҳо. Ҳатми будани иҷрои қарорҳои қабул шуда, барои ҳамаи аъзоёни иттифоқи касаба ва ташкилотҳои иттифоқҳои касаба.

3.5. Мустақилиятнокии ташкилотҳои иттифоқи касаба ва мақомоти интихобии он дар ҳалли вазифаҳои худ дар доираи ваколатҳои оинномавии муқарраргардида.

3.6. Ҳатмӣ будани иҷрои қарорҳои мақомоти болоии иттифоқи касаба барои ҳамаи аъзоёни иттифоқи касаба ва ташкилотҳои иттифоқи касаба. Ҳуқуқи мақомоти болоии иттифоқи касаба оиди бекор намудани қарори маҷлисҳои (конфронсҳои) иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии поёнӣ, ки бар хилофи Оиннома қабул шудаанд.

3.7. Ба таври мушовара қабул кардани қарорҳои ташкилотҳо ва мақомоти интихобии иттифоқи касаба, масъулияти шахсии корфармоён барои иҷрои онҳо.

3.8. Ошкорбаёнии кори ҳамаи ташкилотҳои иттифоқи касаба ва мақомоти интихобӣ.

3.9. Риояи қатъии интизоми молиявӣ аз тарафи ҳамаи ташкилотҳои иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»

3.10. Мунтазам ҳисобот додани мақомотҳои иттифоқҳои касаба оиди фаъолияти оинномавӣ, масъалаҳои оморӣ ва молиявӣ дар назди ташкилоти худ ва мақомоти болоӣ.

 

IV. АЪЗОЁНИ ИТТИФОҚИ КАСАБА, ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ ОНҲО

4.1. Кабул ба аъзогии иттифоқи касаба:

4.1.1. Аъзои иттифоқи касаба ҳар як корманд шуда метавонад, ки дар ташкилотҳои дар банди 1.2. Оинномаи мазкур нишон дода шуда, машғули коранд, сарфи назар аз шакли моликият, шахси ба фаъолияти фардӣ-меҳнатӣ машғул буда, инчунин хонандагон (донишҷӯёни) муассисаҳои таълимии соҳавӣ, ки синну солашон ба 15 расидаст ва Оинномаи мазкурро эътироф менамоянду мунтазам ҳаққи аъзоги месупоранд.

4.1.2. Қабул ба аъзогии иттифоқи касаба дар асоси ихтиёри бо тартиби алоҳида дар кумитаи дахлдори иттифоқи касаба ва ё дар маҷлиси ташкилоти ибтидои, ё ҷузъи сохтории он дар асоси аризаи хаттии шахси иҷро карда мешавад.

4.1.3. Дар ҳолати барпо кардани ташкилоти нави ибтидоии иттифоқи касаба, муассисони он аъзоёни иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ҳисоб мешаванд, баъди дар мақомоти болои ба қайд гирифта шудан соҳиби ҳуқуқ ва вазифаҳои дахлдор мешаванд.

4.1.4. Ба аъзоёни иттифоқи касаба билети намунаи муқарраршудаи иттифоқи касаба дода мешавад, ки он аъзогиро дар иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» шаҳодат медиҳад.

4.2. Баҳисобгирии аъзоёни иттифоқи касаба:

4.2.1. Баҳисобгирии аъзоёни иттифоқи касаба дар ташкилоти ибтидои мувофиқи Дастуруламали аз тарафи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» тасдиқ шуда, бурда мешавад.

4.2.2. Аъзоёни иттифоқи касаба дар қайди ташкилоти иттифоқи касабаи ҷои кори асоси ё таҳсил меистанд ва наметавонанд дар қайди дигар иттифоқҳои касаба бошад.

4.2.3. Дар ҳолати ба кор даромадан ё аз як ҷузъи сохтори ба дигар гузаштан, аъзои иттифоқи касаба на камтар аз 7 рӯз дар ин бора ба кумитаи иттифоқи касабаи истеҳсолот, сех ва ғайра ё кумитаи иттифоқи касабаи ташкилот бояд хабар диҳад, дар ҳолати гузаштан ба дигар ташкилот - саривақт аз қайди иттифоқи касаба барояд.

4.2.4. Аъзоёни иттифоқи касаба, ки барои аз иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» баромадан ариза доданд, аз иттифоқи касаба хориҷ шуда ҳисоб карда шуда, аз қайд бароварда мешаванд.

4.3. Аъзои иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ҳуқуқ дорад:

4.3.1. Дар фаъолияти иттифоқи касаба, аз он ҷумла дар таҳия ва қабули қарорҳо, ба амал баровардани онҳо, инчунин назорат бурдан аз руи иҷрои онҳо иштирок намояд.

4.3.2. Бо таври озодона фикри худро баён кунад, тавассути ҳамагуна масалаҳои ҳаёти иттифоқи касаба таклифҳо пешниҳод намояд, дар бораи фаъолияти иттифоқи касаба, мақомоти он ва шахсони мансабдори онҳо ахборот гирад.

4.3.3. Ба кумитаи иттифоқи касаба ва мақомоти болоии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои иҷтимоии меҳнати худ бо саволҳо, аризаҳо ва таклифҳо муроҷиат кунад ва оиди моҳияти муроҷиат ҷавоб талаб намояд.

4.3.4. Дар мақомоти давлатӣ, судӣ ва ғайра, барои ҳифз намудани ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худ аз тарафи иттифоқи касаба ёрии ҳуқуқии бепул гирад.

4.3.5. Ба вакилии анҷуманҳо, конфронсҳо, дар ҳайати мақомоти доимамалкунандаи иттифоқи касаба интихоб кунад ва интихоб шавад.

4.3.6. Дар ҳолатҳои корпартоӣ эълон кардани иттифоқи касаба кӯмакҳои моддӣ гирад.

4.3.7. Бепул ё бо имтиёз аз амволи иттифоқи касаба бо тартиби муқаррар шуда истифода барад ва аз руи собиқаи меҳнати дар иттифоқи касаба дошта кӯмакҳои моддӣ гирад.

4.3.8. Бо имтиёз аз маблағҳои иттифоқи касаба бе фоиз вом гирад, мувофиқи тартиботи имтиёзӣ соҳиби саҳмия ва дигар қоғазҳои қимматбаҳо гардад, ки онҳо бо иштироки иттифоқи касаба, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва дигар ташкилотҳо таъсис шудаанд. Бо назардошти собиқаи кор дар иттифоқи касаба аз хизматҳои бонк ва захираҳои иттифоқи касаба фоида барад.

4.3.9. Тарафдори ва ҳифз гардидан дар ҳолатҳои маҳдуд кардани ҳуқуқ барои дар иттифоқи касаба кор кардан.

4.3.10. Барои корҳои самаранок дар иттифоқи касаба нишон додан аз ҷиҳати маънавӣ ва моддӣ сарфароз шудан.

4.3.11. Мутобиқи қарорҳои ташкилотҳои иттифоқи касаба ва мақомоти он аз дигар ҳуқуқҳо ва имтиёзҳо истифода барад.

4.4. Аъзои иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» вазифадор аст:

4.4.1. Оинномаи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро иҷро намояд, мунтазам ҳаққи аъзоги супорад, дар фаъолияти иттифоқи касаба фаъолона ширкат варзад, ягонагии ташкилии иттифоқи касабаро ҳифз намояд, қарорҳои мақомоти иттифоқи касаба ва супоришҳои ба ӯ додаи иттифоқи касабаро иҷро намояд.

4.4.2. Ба кумитаи иттифоқи касаба дар рафти тайёр кардану бастани шартномаи коллективӣ (созишнома), назорати иҷрои он, кӯмаку ёри расонад.

4.4.3. Дар амалиётҳои қонунан иҷозат додашудаи коллективонаи иттифоқи касаба, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои иқтисоди ва меҳнатию иҷтимоии аъзоёни иттифоқи касаба нигаронида шудаанд, ширкат варзад.

4.4.4. Ҳаракатҳое, ки ба иттифоқи касаба зарар меоварад, зоҳир нанамояд.

4.5. Собиқаи иттифоқи касаба:

4.5.1. Собиқаи иттифоқи касаба аз рӯзи қарор дар бораи қабул, ки маҷлиси умумии иттифоқи касаба (кумитаи иттифоқи касаба) қабул кардааст, ҳисобида мешавад.

4.5.2. Ҳуқуқ ба аъзогии иттифоқи касабаро нигоҳ медоранд:

- нафақагироне, ки кор намекунанду бо ташкилоти иттифоқи касаба робитаи доими доранд;

- заноне, ки мувофиқи имтиёзҳое, ки онҳоро қонунҳои амалкунанда муқаррар кардааст, муваққатан корро қатъ кардаанд;

- кормандони мавсими, ки чунин корҳоро ҳар сол иҷро мекунанд;

- кормандоне, ки бо сабабҳои ихтисори ҳайат, барҳам додани ташкилот озод карда шудаанд-дар ҳамаи давраи гирифтани кӯмакпулиҳо барои бекорӣ;

- кормандоне, ки бо сабаби ба хизмати ҳарбӣ даъват шудан озод шуданд-дар ҳамаи давраи хизматӣ ҳарбӣ;

- кормандоне, ки бо сабаби дар мақомотҳои интихобии давлати интихоб шуда аз кор озод шудаанд.

4.5.3. Ба аъзоёни дигар иттифоқҳои касаба, ки ба ташкилотҳои дар он ҷо сохтори иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» амалкунанда омаданд, дар қайди иттифоқи касаба истоданд, собиқаи умумии иттифоқи касаба нигоҳ дошта мешавад.

4.6. Масъулиятҳои аъзоёни иттифоқи касаба.

4.6.1. Барои аз тарафи аъзои иттифоқи касаба иҷро накардани вазифаҳои оинномавии худ аз ҷумла бе сабабҳои узрнок дар зарфи 3 моҳ ҳаққи аъзоги насупоридан маҷлиси иттифоқи касаба, кумитаи иттифоқи касаба ва ё мақомоти болоии иттифоқи касаба ҳақ дорад, ки чораҳои таъсиррасонии ҷамъияти (муҳокима кардан, мазамат намудан), муҷозот (сарзаниш, танбеҳ) барин ҷазоҳо андешад, ҳатто аз сафи аъзогии иттифоқи касаба хориҷ кунад.

Дар мавриди хориҷ кардани аъзои иттифоқи касаба дар маҷлиси мақомоти интихобии иттифоқи касаба, дар ин бора ташкилоти иттифоқи касаба, ки вай дар қайди он меистад, хабар дода мешавад.

Қарор дар бораи хориҷ кардан аз аъзогии иттифоқи касаба, ҷазо додан дар ҳузури аъзои иттифоқи касаба қабул карда мешавад. Дар ҳолати бе сабаби узрнок рад кардани аъзои иттифоқи касаба аз иштирок кардан дар маҷлис ё раёсати мақомоти иттифоқи касаба, масъала бе иштироки ӯ ҳал карда мешавад.

Ҷазои дода шуда то зарфи як сол амал мекунад ва мумкин аст пеш аз муҳлат, аз тарафи мақомоти иттифоқи касабаи онро қабул кардааст, гирифта шавад.

4.6.2. Қарор дар бораи аз иттифоқи касаба хориҷ кардани аъзои мақомоти болоии интихобии иттифоқи касаба дар ҳамон вақт қувва пайдо мекунад, ки онро мақомоти иттифоқи касабае, ки ӯ дар қайд меистад, тасдиқ намояд.

4.6.3. Шахси аз иттифоқи касаба хориҷ шуда (ҷазо гирифта), ҳақ дорад, ки то зарфи як моҳ дар хусуси қарори мазкур ба мақомоти болоии иттифоқи касаба шикоят намояд. Мақомоти болоии иттифоқи касаба вазифадор аст, ки дар зарфи на зиёда аз ду моҳ, аз рӯзӣ воридот қарорро аз рӯи моҳияти ариза бекор кунад, барои аз сари нав дида баромадан онро баргардонад.

4.6.4. Аз иттифоқи касаба рафта, ё ки хориҷ шуда ҳуқуқҳои истифода бурдан аз амвол ва маблағҳои иттифоқи касаба, расонидани ёрии ҳуқуқии бепул аз тарафи ташкилотҳои иттифоқи касаба ва ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои фардӣ, меҳнатӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз даст медиҳад.

4.6.5. Шахсони аз иттифоқи касаба хориҷ шуда аз нав, баъди на камтар аз 6 моҳ, ба аъзогии иттифоқи касаба мумкин аст, қабул карда шаванд.

4.6.6. Шахсони аз иттифоқи касаба хориҷ шударо ба иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дар асосҳои умуми аз нав қабул кардан мумкин аст.

 

V. СОХТИ ТАШКИЛИИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ «ТОҶИКМЕТАЛЛ»

5.1. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» аз руи принсипи ҳудудӣ - истеҳсолӣ ташкил ёфтааст, ки ин мазмуни афзалияти мувофиқати сохтори ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ба сохтори хоҷагии он дар доираи ташкилоти ҳудудии иттифоқҳои касаба бударо дорад.

5.2. Сохтори иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»:

- ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба;

- ташкилотҳои вилоятии иттифоқи касаба;

- ташкилоти умумиҷумҳуриявии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», ки ташкилотҳои вилоятӣ ва ибтидоии иттифоқҳои касабаи ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои шаҳрӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро муттаҳид месозад.

5.3. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» метавонад ба иттиҳодияҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалии иттифоқи касаба дохил шавад. Ташкилотҳои вилоятии иттифоқи касаба ва ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ки бевосита узвияти Кумитаи Марказии иттифоқи касабаанд, метавонанд ба иттиҳодияҳои дахлдори иттифоқҳои касабаи вилоятӣ дохил шуда, бо онҳо дар асоси баробар ҳуқуқи ҳамкори намоянд.

 

VI. МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ «ТОҶИКМЕТАЛЛ» ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ОНҲО

6.1. Мақомҳои Олӣ:

- ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба – маҷлис (конфронс);

- иттифоқи касабаи ҳудудӣ (вилоятӣ) – конфронс;

- иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» - анҷуман;

6.2. Маҷлисҳо, конфронсҳо, анҷуманҳо аз руи принсипҳои интихоби бевосита, мақомоти доимамалкунандаи роҳбарикунадаи иттифоқи касабаро интихоб мекунад, таъсис медиҳанд:

- ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба – кумитаҳои иттифоқҳои касаба;

- ташкилотҳои вилоятии иттифоқи касаба – кумитаи вилоятии иттифоқи касаба;

- иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» - Кумитаи Маркази.

6.3. Оиди даъват ва рузномаи маҷлис, конфронс, анҷуман эълон карда мешавад:

- маҷлис, конфронси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба – на камтар аз 15 руз то оғози кор;

- конфронсҳои вилоятии иттифоқи касаба – на камтар аз 30 руз;

- анҷумани иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» - на камтар аз 45 руз.

6.4. Маҷлисҳои иттифоқи касаба дар ҳолате салоҳиятдор ҳисобида мешаванд, агар дар онҳо аз нисф зиёди аъзоёни кормандони ташкилоти иттифоқи касаба иштирок дошта бошанд.

Конфронсҳо, анҷуманҳо ҳамон вақт салоҳиятдор ҳисоб мешаванд, ки дар онҳо на кам аз се ду ҳиссаи вакилон иштирок дошта бошанд.

Анҷуман, конфронс, маҷлис бо аксарияти овозҳои иштирокчиён (дар ҳолати мавҷуд будани кворум) сарфи назар аз ҳолатҳои пешбини шудаи Оинномаи мазкур, қарорҳо қабул менамоянд.

6.5. Кумитаи Маркази, кумитаи вилоятии иттифоқи касаба, дар маҷлисҳои худ мақомоти иҷроия – кумитаҳои иҷроия интихоб менамоянд.

Кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба – раёсат интихоб карда метавонанд.

Мақомоти иттифоқи касаба метавонанд комиссияҳо таъсис диҳанд, ваколатҳои онҳоро муайян намоянд, дигар шакл ва усулҳои инкишофи асосҳои ҷамъиятиро дар корҳои иттифоқи касаба истифода баранд.

6.6. Маҷлисҳои мақомоти доимамалкунадаи роҳбарикунанда ва иҷроияи иттифоқи касаба ҳамон вақт салоҳият доранд, ки дар онҳо бештар аз нисфи аъзоёни ин мақомот иштирок дошта бошанд. Қарорҳо бо аксарияти овозҳои иштирокунандагон қабул карда мешаванд, агар дар Оинномаи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дигар тартиб пешбинӣ нашуда бошад.

6.7. Мӯҳлатҳои ваколатдориҳои мақомоти интихобии доимамалкунандаи ташкилоти вилоятии итттифоқи касаба ва иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»- 7 сол мебошад.

Муҳлати ваколатдории мақомоти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба аз руи теъдоди:

- зиёда аз 2000 нафар аъзои иттифоқи касаба – 7 сол;

- аз 500 то 2000 нафар аъзои иттифоқи касаба – 5 сол.

- аз 30 то 500 нафар аъзои иттифоқи касаба – 3 сол.

- то 30 нафар аъзои иттифоқи касаба – 1 сол.

6.8. Мӯҳлатҳои гузаронидани маъракаҳои ҳисоботию интихоботиро дар иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» Кумитаи Марказии иттифоқи касаба муайян мекунад. Ҳисоботҳо ва интихоботҳои мақомоти иттифоқи касаба мувофиқи дастуруламали тасдиқ намудаи Кумитаи Марказӣ гузаронида мешавад.

6.9. Меъёрҳои намояндаги барои интихоби вакилон дар асоси «Дастуруламал дар бораи гузаронидани ҳисобот ва интихобот дар мақомоти иттифоқи касаба», муқаррар карда мешаванд:

- ба маҷлиси (конфронси) ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба – кумитаи иттифоқи касаба;

- ба конфронси вилоятӣ –  пленуми кумитаи вилоятӣ;

- ба анҷумани Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» - пленуми Кумитаи Марказии иттифоқи касаба.

6.10. Тартиби интихоб кардани вакилон;

6.10.1. Ба анҷумани иттифоқи касаба – конфронсҳои вилояти, маҷлисҳо (конфронсҳо)-и ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, ки ба Кумитаи Марказии иттифоқи касаба дохиланд. Дар мавридҳои алоҳида - бо қарори пленуми Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-дар раёсати васеи мақомоти интихобии вилоятӣ, кумитаҳои иттифоқҳои касаба.

6.10.2. Ба конфронсҳои вилоятӣ–маҷлисҳо (конфронсҳо)-и ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба, дар мавридҳои алоҳида бо қарори пленуми кумитаҳои вилоятӣ – дар раёсатҳои васеи мақомоти иттифоқҳои касаба.

6.10.3. Ба конфронсҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба-дар маҷлисҳо (конфронсҳо)-и ташкилотҳои иттифоқи касабаи сехҳо ва дигар сохторҳои ҷузъи.

6.10.4. Вакил номзаде ҳисоб меебад, ки аз нисф зиёди овозҳои дар овоздиҳи иштирок кунандагонро соҳиб мегардад (дар ҳолати мавҷуд будани кворум).

6.11. Раиси иттифоқи касаба ва муовинони ӯ, раиси комиссияи назоратию тафтишотии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» аз руи вазифаҳояшон вакили анҷуман мебошанд.

Раисони мақомоти вилоятии иттифоқи касаба, кумитаҳои иттифоқи касабаи ташкилотҳои ибтидои, ҷонишинони онҳо ва раисони комиссияҳои назоратию тафтишоти аз руи мансаб вакилони конфронсҳои сатҳои дахлдор мебошанд.

6.12. Ҳайати миқдории мақомоти иттифоқи касабаро мақомоти пештараи интихобии иттифоқи касаба муайян менамояд ва онро анҷуман, конфронс, маҷлиси сатҳи дахлдор метавонад тағйир диҳад.

6.13. Ҳайати шахсии мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба бо роҳи мустақиман фиристодани вакилон ташкил карда мешаванд:

Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», кумитаҳои вилоятӣ - намояндагии баробари ташкилотҳои аъзо бо пешбари кардани раисони кумитаҳои иттифоқҳои касаба ва боз яктогии дигар намоянда аз ҳар як ташкилотҳои аъзо. Ташкилотҳои аъзо ҳуқуқ доранд, ки намояндаи худро бозхонанд ва иваз кунанд. Ваколатдори дар чунин маврид дар пленуми Кумитаи Марказии иттифоқи касаба ва кумитаи вилоятии иттифоқи касаба тасдиқ карда мешавад.

Ташаккули ҳайати шахсии мақомоти иттифоқҳои касаба дар конфронсҳо, маҷлисҳои васеи кумитаҳои вилоятии иттифоқи касаба, дар маҷлисҳо (конфронсҳои) ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва ё дар маҷлисҳои васеи кумитаҳои онҳо гузаронида мешаванд. Раиси иттифоқи касаба ва муовинони он аз руи вазифа аъзои Кумитаи Маркази, кумитаи вилоятии иттифоқи касаба ҳисоб мешаванд.

6.14. Ташаккули ҳайати шахсии мақомоти интихобии ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба бевосита дар маҷлисҳо, конфронсҳо интихоб мешаванд.

6.15. Ваколатҳои намояндагони ба ҳайати мақомоти интихоби вакил интихоб шуда, баъди дар анҷуман, конфронсҳои ташкилотҳои вилоятии иттифоқи касаба тасдиқ шудан, эътиборнок ҳисоб мешаванд.

6.16. Аъзоёни Кумитаи Маркази, кумитаи вилоятии иттифоқи касабае, ки ташкилотҳоеро муаррифи мекунанд, ки талаботҳои Оинномаи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро иҷро накарданд, муваққатан аз ҳуқуқҳои овози ҳалкунанда дар маҷлисҳои мақомоти мазкур маҳрум карда шаванд.

6.17. Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ҳуқуқ доранд, ки намояндаи худро дар ҳайати кумитаҳои иттифоқи касабаи ҳудуди бозхонанд ва иваз намоянд. Ваколати онҳоро пленуми (маҷлиси) дахлдори мақомоти интихоби тасдиқ менамояд.

6.18. Раиси иттифоқи касаба ва муовинони он дар анҷумани иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» интихоб карда мешаванд (муовинони раиси иттифоқи касаба метавонанд дар пленумҳои Кумитаи Марказии иттифоқи касаба интихоб шаванд).

Интихоби раисони мақомотҳои иттифоқи касаба ва муовинони онҳо ба амал оварда мешаванд:

- кумитаҳои вилоятии иттифоқи касабаи – дар конфронсҳои иттифоқи касаба;

- кумитаҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба – дар маҷлисҳо (конфронсҳо).

Интихоби раисони кумитаҳои вилоятии иттифоқи касаба ва кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ташкилотҳои ибтидои ва муовинони онҳо дар маҷлисҳои дахлдори мақомоти интихоби имконпазир аст.

6.19. Номзадии раис ва муовинони раиси иттифоқи касабаро дар анҷуман аз ҷониби вакилон ва комиссия оиди тайёр кардани анҷуман пешниҳод карда мешаванд.

Номзадии раисон ва муовинони раисони кумитаҳои вилоятии иттифоқи касаба ва кумитаҳои иттифоқи касабаи ташкилотҳои ибтидоиро вакилони конфронсҳо, иштирокчиёни маҷлисҳо, мақомоти интихобии дахлдор пешниҳод менамоянд.

Мақомоти болоии иттифоқи касаба ҳуқуқ доранд, ки номзадҳо барои интихоб шудан ба вазифаҳои роҳбарикунандаи ташкилотҳои иттифоқи касабаи тобеияти худро пешбари намоянд.

6.20. Номзад интихобшуда ҳисоб меёбад, ки аз нисф зиёди овозҳои дар овоздиҳи иштирок намударо гирад (дар ҳолати мавҷуд будани кворум).

6.21. Интихоби пеш аз муҳлати кумитаи иттифоқи касабаи ташкилоти ибтидои, раис ва муовинони вай бо талаби маҷлиси (конфронси) сохтори ҷузъии корхона, ки аз се як ҳиссаи аъзоёни иттифоқи касабаро дар бар мегирад ва дар қайди ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ҳастанд, ё бо ташаббуси худи мақомоти интихоби гузаронида мешавад. Маҷлис (конфронс) дар сохтори ҷузъи ҳатман бо иштироки ҳатмии намояндаи кумитаи амалкунандаи иттифоқи касаба ва Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» гузаронида мешавад.

6.22. Интихоби пеш аз муҳлати раис ва муовинони раиси кумитаи вилоятии иттифоқи касаба мувофиқи талаби маҷлисҳо (конфронсҳои) ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ки аз се як ҳиссаи аъзоёни иттифоқи касабаи ташкилоти вилоятиро муттаҳид мекунад, бо иштироки намояндагони ин кумитаҳо ва ё бо ташаббуси худи мақомоти интихоби гузаронида мешаванд.

6.23. Дар давраи байни анҷуманҳо бо талаби конфронсҳо ва маҷлисҳои ташкилотҳои вилояти ва ибтидоии иттифоқҳои касаба, ки аз се як ҳиссаи аъзоёни иттифоқи касабаро муттаҳид менамояд, мумкин аст, ки масъалаи аз вазифа озод кардани раиси иттифоқи касаба ва муовинони ӯ гузошта шавад.

Дар чунин ҳолат, Кумитаи иҷроия вазифадор аст, ки Пленуми Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро даъват намояд, ки вай оиди тартиби ҳалли ин масъала қарор қабул мекунад.

6.24. Дар мавриде, ки роҳбарияти мақомоти иттифоқи касаба мунтазам талаботҳои оинномавиро иҷро намекунад, амалҳои барои вайроншавии ягонаги аз ҳамаи иттифоқи касаба равона шударо зоҳир месозад, мақомоти болоии иттифоқи касаба вазифадор аст, ки ба ташкилоти иттифоқи касабаи дахлдор дар бораи камбудиҳои маълум карда шуда, ахборот диҳад ва ислоҳ намудани онҳоро талаб кунад.

 Агар онҳо дар муҳлати муқаррар кардаи мақомоти болоии иттифоқи касаба бартараф карда нашуда бошанд, мақомоти иттифоқи касабаи мазкур ҳуқуқ дорад, ки нисбат ба роҳбарияти кумитаи номбаршуда нобовари изҳор кунад. Чунин қарор бо тарафдории аз чор се ҳиссаи аъзоёни мақомоти болоии иттифоқи касаба, дар ҳолати мавҷуд будани кворум, қабул карда мешавад.

Баъд аз қабул кардани чунин қарор ташкилоти иттифоқи касаба ва ё мақомоти иттифоқи касаба вазифадор ҳастанд, ки дар зарфи як моҳ раиси кумитаи иттифоқи касаба, кумитаи вилоятии иттифоқи касабаро аз нав интихоб кунад.

6.25. Аз вазифа озод кардани раиси иттифоқи касаба, роҳбарони мақомоти интихобии иттифоқи касаба ва муовинони онҳо дар ҳамин сатҳҳо дар асоси аризаи шахсӣ ва ё бо сабабҳои вазъияти саломатӣ, дар Пленумҳои Кумитаи Марказии иттифоқи касаба, маҷлисҳои мақомоти дахлдор гузаронида мешавад.

Интихоби раиси иттифоқи касаба ва муовинони ӯ дар ин маврид аз тарафи Кумитаи Маркази дар муҳлати се моҳ барраси мешавад. Интихоби роҳбарони мақомоти иттифоқи касабаи дигар сатҳҳо бо қарори кумитаҳои дахлдор дар маҷлисҳои ин мақомот - дар мӯҳлати на камтар аз ду моҳ.

6.26. Тартиби овоздиҳи – пушида (махфӣ) ва ё кушода дар анҷуман конфронс, маҷлис, маҷлиси мақомоти иттифоқҳои касаба баъд аз пешниҳодоти номзадҳо, муқаррар карда мешавад.

Дар ҳолати пешбари кардани ду ва ё зиёда номзад ба интихоби раисони мақомоти иттифоқи касабаи ҳама сатҳҳо ва муовинони онҳо овоздиҳии пушида (махфӣ) гузаронида мешавад.

6.27. Дар ҳолатҳое, ки маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии (конфронс) ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба бо ягон сабаб кори худро давом дода наметавонад, раёсати (раиси) маҷлис (конфронс) дар бораи манъ доштани он эълон мекунад. Вакилони конфронс ваколатҳои худро нигоҳ медоранд. Кумитаи иттифоқи касаба фаъолияти худро идома медиҳад ва вазифадор аст, ки аз нав сар кардани кори маҷлис (конфронс)-ро на дертар аз 20 рӯз манъ доштани он таъмин намояд.

Агар дар ин ҳолат ҳам анҷом додани кори маҷлис (конфронс) мувофиқи рузномаи тасдиқ карда шуда имконнопазир бошанд, он ҳамчун барпо нашуда ҳисоб карда мешавад. Мақомоти болоии иттифоқи касаба дар бораи такроран даъват намудани маҷлис ё конфронс дар муҳлати як моҳ қарор қабул мекунад ва гузаронидани онро ташкил менамояд.

Чунин тартибот мумкин аст оиди гузаронидани конфронсҳои ташкилотҳои вилоятии иттифоқи касаба истифода карда шавад.  

 

VII. ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

7.1.  Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар маҷлиси таъсисии кормандони дар корхонаю муассиса ва ташкилотҳо кор мекардагӣ, новобаста аз шакли моликияташон ё хонандагони муассисаҳои таълими бо ташаббуси на камтар аз 3 нафар корманд, барпо карда мешавад. Қарор дар бораи таъсиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба аз тарафи мақомоти болоии итифоқи касаба тасдиқ карда мешавад ва дар як вақт онро ба қайд ва хизматрасонии худ қабул менамоянд.

Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба дар асоси Оинномаи иттифоқи касаба ва Низомнома дар бораи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба, ки онро маҷлис (конфронс) мувофиқи Оиннома қабул кардааст, фаъолият менамояд. Дар мавридҳои зарурияти ба Оинномаи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» мувофиқ кунонидани Низомнома, тағйирот ва иловаҳо ба он аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба дароварда мешаванд.

Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи соҳа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Чкалов, Қайроққум, Исфара, Данғара, Истиқлол ва ноҳияҳои Ховавлинг, Варзоб, Айни, Ҳисор, Ёвон ҷойгиранд.

7.2. Бо қарори кумитаи иттифоқи касаба дар дохили ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ташкилоти иттифоқи касабаи истеҳсоли, сехҳо (корпусҳо), идора ва дигар сохторҳои ҷузъи, гуруҳҳои иттифоқи касаба дар бригадаҳо, бастҳо, қитъаҳо ва ғайра таъсис дода мешавад, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳоро Низомнома дар бораи ташкилотҳои ибтидои муайян мекунад.

7.3. Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба метавонанд фаъолияти худро бе қайди (огоҳии) давлати иҷро кунанд. Дар чунин ҳолат онҳо шахсияти ҳуқуқи шуда наметавонанд.

7.4. Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба дар ҳалли масъалаҳои ҷори дар доираи Оинномаи амалкунанда, дар идоракунии маблағҳои молиявии худ, ки баъди ихроҷи ҳатми ба мақомоти болоии иттифоқи касаба боқимондаанд, соҳибихтиёранд.

7.5. Муҳимтарин вазифаи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ин ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои аъзоёни иттифоқи касаба мебошад:

- кор кардани лоиҳаи шартномаи коллективи, гуфтушунид бо корфармо оиди бастани он, назорат оиди иҷрои он ва иҷрои дигар созишномаҳо;

- иштирок дар муайян кардани тартиби музди меҳнат, шаклҳои ҳавасмандгардониҳои модди, миқдор ва андозаи тарифаи маош (моҳона), инчунин меъёри меҳнат дар ташкилот;

- ҳифз кунонидан аз бекори дар асоси таҳлили нақшаҳои ояндаи фаъолияти ташкилот, иштирок кардан дар коркарди барномаи шуғл, тайёр ва аз нав тайёр кардани кадрҳо, ҳамкори кардан бо сохторҳои давлати, ки барои ба кор таъмин кардан, бозомузи ва таъмини моддии бекорон вазифадоранд;

- оиди аз тарафи корфармо риоя кардани қонунгузори дар бораи меҳнат, низомнома ва созишнома оиди ҳифзи меҳнат, кор оиди беҳтар кардани шароити меҳнат, саломати ва истироҳати кормандон назорати доими бурдан, назорати истифодабарии маблағҳои барои ин мақсад таъин гардида;

- ваколатдории манфиатҳои махсуси касбии иқтисодию иҷтимоии занон: ҷавонон ва собиқадорон;

- иштирок доштан дар кори ба нақшагирии рухсатиҳои меҳнатии кормандон, истифодабарии осоишгоҳҳо ва дигар иншоотҳои солимгардони

- таъсир доштан ба кори муассисаҳои клуби, истифода бурдани базаҳои тарбияи ҷисмони-варзишии ташкилотҳо;

- ҷалб кардани кормандон ба иттифоқи касаба;

- ба ҳамаи кормандони ташкилотҳо барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои коллективии онҳо кумак расонидан;

- аз руи фаъолияти молиявии кумитаи иттифоқи касаба назорат бурдан;

7.6. Маҷлис (конфронс)-и иттифоқи касаба самтҳои кориро муайян мекунад, ҳисоботи кумитаи иттифоқи касаба ва комиссияи назоратию тафтишотиро мешунавад, давраҳои гузаронидани маҷлисҳои (конфронсҳои) иттифоқи касабаро дар байни хисоботу интихоботҳо муайян мекунад, харҷномаи буҷаи иттифоҷи касабаро бо риояи меъёрҳои оинномав тасдиқ мекунад, дар ташкил намудани комиссия оид ба суғуртаи иҷтимои иштирок менамояд, метавонад қисми ваколати худро ба кумитаи иттифоқи касаба диҳад.

7.7. Дар маҷлиси (конфронси) иттифоқи касаба метавонанд интихоб шаванд:

- дар ташкилоте, ки камтар аз 30 нафар аъзоёни иттифоқи касабаро муттаҳид мекунад – ташкилотчии гуруҳҳи иттифоқи касаба ба муҳлати як сол;

- дар ташкилоте, ки зиёда аз 30 нафар аъзоёни иттифоқи касабаро муттаҳид мекунад – кумитаи итифоқи касаба, комиссияи назоратию тафтишоти.

7.8. Кумитаҳои иттифоқи касаба барои пеш бурдани корҳои ҷори метавонанд раёсат интихоб намуда, ваколатҳои ӯро муайян намояд.

7.9. Маҷлисҳои кумитаи иттифоқи касаба мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи кори ва дар мавриди зарури, аммо на камтар аз як маротиб дар ҳар семоҳа гузаронида мешаванд.

7.10. Кумитаи иттифоқи касаба;

7.10.1. Бо розигии Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» сохтори ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаро таъсис медиҳад, ҳайати кормандони озоди иттифоқи касабаро муқаррар мекунад, бо пешниҳоди Кумитаи Маркази сармуҳосибро таъин ва аз вазифа озод мекунад, маоши кормандонро муқаррар менамояд, миқдори подошпулии фаъолони аз кор озод набудаи иттифоқи касабаро муқаррар мекунад.

Маоши раисони кумитаҳои иттифоқи касабаро Кумитаи Марказии иттифоқи касаба муайян мекунад.

7.10.2. Дар давраҳои байни маҷлисҳои (конфронсҳои) иттифоқи касаба бо ба ҳисоб гирифтани самтҳои фаъолияти ташкилоти иттифоқи касаба, қарорҳои мақомоти болоии иттифоқи касаба ва ҳуқуқҳои муайян намудаи қонуният кор мебарад, барои аъзоёни иттифоқи касаба оиди ба амал баровардани ҳуқуқҳое, ки Оинномаи иттифоқи касаба додаст шароит муҳайё менамояд, метавонад ба сохторҳои поёнии итифоқи касаба баъзе ҳуқуқ ва вазифаҳои худро диҳад.

7.10.3. Аз корфармо ахбороти барои фаъолияти худ зарурро мегирад, мувофиқи талаботи шартномаи коллективӣ (созишнома) ҳисоботи корфарморо оиди масъалаҳои иқтисоди ва иҷтимоию меҳнати мешунавад.

7.10.4. Қарорҳои қабул кардаи корфарморо таҳлил мекунад, бекор кардани баъзе аз онҳоро, ки шароити меҳнатро бад менамоянд ё ба саломатӣ ва ҳаётӣ кормандон хатаровар аст, инчунин ба меъёри меҳнат мухолиф аст талаб менамояд.

7.10.5. Таклифҳои аъзоёни иттифоқи касабаро бо мақсади ҳифзи манфнатҳои онҳо ба ҳисоб гирифта, ҷамъбаст менамояд.

7.10.6. Ташкилоти иттифоқи касабаро дар муносибатҳои байниҳамдигари бо дигар ташкилотҳои иттифоқи касаба ва ҷамъияти, гуфтугузор бо корфармо ва мақомоти ҳокимияти маҳалли намояндаги мекунад.

7.10.7. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касаба, амалҳо, эътирозҳое, ки мақомоти болоии иттифоқи касаба ташкил мекунад, тарафдори менамояд, маҷлисҳо, намоишҳо ва дигар ҳаракатҳои коллективиро то ба дараҷаи корпартоӣ намудан мегузаронад, ба мақомоти болоии иттифоқи касаба тибқи масъалаҳое, ки дар дараҷаи ҷумҳуриявӣ ҳалталабанд, ахборот медиҳад.

7.10.8. Семинар-машварат ва курсҳои тайёрии иттифоқи касабаро ташкил мекунад ва мегузаронад, захираи кадрҳои иттифоқи касабаро ташкил мекунад.

7.10.9. Чорабиниҳои ахборотӣ – тарғиботӣ мегузаронад.

7.10.10. Иҷрои қарорҳои маҷлисҳои (конфронсҳои) мақомоти болоии иттифоқи касабаро ташкил мекунад, оиди иҷрои онҳо ахборот медиҳад.

7.10.11. Баҳисобгирии аъзоёни иттифоқи касабаро ташкил мекунад.

7.10.12. Ҷамъоварии ҳаққи аъзогии иттифоқи касаба, маблағҳоро барои хазинаҳо ташкил мекунад, воридот ва содироти маблағҳои буҷаи иттифоқи касабаро ба нақша мегирад, ба мақсадҳои таъин гардида, сарфакорона истифода кардани маблағҳои моддӣ ва молиявиро таъмин менамояд: ба таври мунтазам дар бораи натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ аз поён то боло ҳисобот медиҳад ва дар бораи сарфи маблағҳои иттифоқи касаба аз боло то поён ахборот пешниҳод менамояд.

7.10.13. Дар асоси қарорҳои мақомоти вилоятии иттифоқи касаба ва Кумитаи Марказии иттифоқи касаба ба мақомоти болоии иттифоқи касаба дар муҳлатҳои муқаррар гардида ҳисоботи оморӣ ва моливии тасдиқ шуда ва дигар маълумоту маводҳои дахлдорро пешниҳод мекунад.

7.10.14. Ҳар сол бо иштирок ва мувофиқа бо мақомоти болоии иттифоқи касаба харҷномаи буҷаи иттифоқи касабаро ташкил мекунад, онро дар ҷамъомади худ ё ки маҷлис (конфронс) тасдиқ мекунад ва дар бораи иҷрои он ҳисобот медиҳад.

Як қисми ҳаққи аъзогиҳои иттифоқи касабаро мувофиқи банди 11.5.1. Оинномаи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» барои фаъолияти мақомоти болоии иттифоқи касаба мегузаронад.

7.10.15. Кумитаи иттифоқи касаба дар назди маҷлиси иттифоқи касаба (конфронс) ва мақомоти болоии иттифоқи умитаи иттифоқи ккасаба ҳисоботдиҳанда мебошад.

7.10.16. Касабаи корхона ва ташкилот мувофиқа бо мувофиқа мақомоти болоии иттифоқи касаба метавонад ба кумитаи сехи ҳуқуқи кумитаи иттифоқи касабаро диҳад, ки дар он ҷо миқдори аъзоёни иттифоқи касаба аз 1000 нафар зиед аст ва дар маҷлиси (машваратӣ) иттифоқи касабаи сехи раиси озоди кумитаи иттифоқи касабаи сехро интихоб мекунанд.

Дар мавридҳои махсус, дар корхонаҳо ва муассисаҳои алоҳидае, ки миқдори аъзоёни иттифоқи касаба аз 500 нафар зиёд мебошанд, бо қарори маҷлиси (конфронси) иттифоқи касабаи корхона ва бо розигии мақомоти болоии иттифоқи касаба метавонанд раиси озоди кумитаи иттифоқи касабаро интихоб намоянд.

7.11. Раиси кумитаи иттифоқи касаба шахси бовариноки иттифоқи касаба мебошад:

- кори ташкилоти иттифоқи касаба (кумитаи иттифоқи касаба, раёсат), тайёр ва гузаронидани маҷлис (конфронс)-ро ташкил менамояд, барои иҷрои қарорҳои онҳо масъулиятдор мебошад;

- бе боваринома аз номи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба амал мекунад, манфиатҳои он ва аъзоёни иттифоқи касабаро дар назди корфармо ё намояндаи он, инчунин дар ҳама мақомотҳо ва ташкилотҳо оиди масъалаҳои бо фаъолияти оинномавии иттифоқи касаба тааллуқ доштаро, намояндаги ва ҳимоя мекунад;

- барои пуррагии ҷамъкунии ҳаққи аъзогии иттифоқи касаба ва риояи тартиби ҳатман ҷудо кардани онҳо шахсан масъулиятдор аст, бо қарори мақомоти интихобӣ оиди амвол ва маблағҳои иттифоқи касаба фармонфармои мекунад, харидуфурӯш мекунад, бовариномаҳо медиҳад, дар муассисаҳои бонки суратҳисоб ва дигар ҳисобдориҳо мекушояд;

- бо кормандони кумитаи иттифоқи касаба шартномаҳои (қарордоди) меҳнати мебандад, онҳоро бекор менамояд, барои ҳатман иҷро намудан аз тарафи кормандони номбаршуда амр мекунад, низомнома ва дигар ҳуҷҷатҳои барои фаъолияти дастгоҳи иттифоқи касаба зарур бударо тасдиқ менамояд;

- дигар амалиётҳоро дар доираи ҳуқуқҳое, ки қонун ба шахсони ҳуқуқи додаст ва қарорҳои маҷлисҳо (конфронсҳо), мақомоти интихобии иттифоқи касаба, шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо ва Низомнома дар бораи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба иҷро менамояд;

- дар ҳолати аз нав ташкил кардан ё барҳам додани ташкилот ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, баҳисобгири ва нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ, сари вақт мувофиқи тартиби муқараргардида ба нигоҳдории бойгонии давлатӣ супоридани онҳоро ташкил мекунад.

7.12. Тақсим кардани вазифаҳо байни раис ва муовинон аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба тасдиқ карда мешавад.

7.13. Раиси кумитаи иттифоқи касаба, муовинони он дар назди кумитаи иттифоқи касаба, маҷлис (конфронс) ва мақомоти болоии иттифоқи касаба ҳисоботдиҳанда мебошанд ва дар доираи ваколатҳои ба онҳо муайян кардаи кумитаи иттифоқи касаба амал мекунанд.

 

VIII. ТАШКИЛОТИ ВИЛОЯТИИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

8.1. Ташкилотҳои вилоятии иттифоқи касаба он аъзоёни иттифоқи касабаеро, ки дар қайди ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи дар ҳудуди вилоят ҳастанд, муттаҳид менамоянд. Ин ташкилотҳо барои намояндаги ва амали гардонидани ҳуқуқ ва манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию меҳнатии аъзоёни иттифоқи касаба дар назди корфармо ва иттиҳодияҳои ӯ, дар асоси нишондоди қонунҳо, мақомоти иҷроя ва суди, ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва ҳалли дигар вазифаҳои умумии иттифоқҳои касаба бармеоянд ва дар ҳудуди вилоят таъсис дода шудаанд ҳимоя менамояд.

Ташкилоти вилоятӣ дар асоси Оинномаи иттифоқи касаба ва Низомномаи вилоятии иттифоқи касаба, бо Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» мувофиқа карда шуда ва дар конфронс тасдиқ шудааст, амал менамояд. Дар мавридҳои зарури барои бо Оинномаи иттифоқи касаба мувофиқ кунонидани Низомнома, ба вай тағйирот ва иловаҳо аз тарафи мақомоти роҳбарикунандаи доимамалкунандаи ташкилоти иттифоқи касабаи ҳудудӣ дохил карда мешавад.

8.2. Номи ташкилотҳои вилоятии иттифоқи касаба:

Ташкилотҳои вилоятии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» мувофиқи қонунгузори дар бораи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номгузории худ метавонанд хусусияти худро дошта бошанд. Ташкилотҳои нави вилояти дар конфронси таъсиси дар асоси қарори ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба бо розигии Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ташкил карда мешаванд.

8.3. Конфронси ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба.

8.3.1. Ҳисоботи фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи вилоятиро шунида, баҳо медиҳад, ҳисоботи комиссияи назоратию тафтишотиро тасдиқ менамояд, барнома, усули амалиётро тартиб медиҳад, вазифаҳои навбатии ташкилоти иттифоқи касабаи вилоятиро муайян менамояд, метавонад оиди иловагии бомақсад маблағгузории мақомоти вилоятии иттифоқи касаба қарор қабул менамояд.

8.3.2. Ваколатҳоро тасдиқ менамояд, аъзоёни кумитаи иттифоқи касабаи вилоятӣ ва ҳайати комиссияи назоратию тафтишотиро интихоб менамояд.

8.3.3. Ба анҷумани иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» вакилонро интихоб менамояд, намояндагони иттифоқи касабаи вилоятиро ба ҳайати Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ваколатдор менамояд.

8.4. Дар давраи байни конфронсҳо роҳбарии ташкилоти вилоятиро кумитаи иттифоқи касабаи вилояти иҷро мекунад.

8.5. Кумитаи вилоятии иттифоқи касаба:

8.5.1. Иҷрои қарорҳои анҷумани иттифоқи касаба, Кумитаи Маркази, конфронси вилоятиро ташкил мекунад, ҳамкории ташкилотҳои ибтидоиро бо Кумитаи Маркази таъмин менамояд.

8.5.2. Фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро ҳамоҳанг месозад, мустаҳкамии алоқаҳои байни онҳоро таъмин сохта, дастгирии амалиёти иттифоқи касабаро ташкил менамояд.

8.5.3. Ба қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқию меъёри вобаста ба муносибатҳои иқтисоди ва иҷтимоӣ-меҳнатӣ пешниҳодот тайёр мекунад, ба мақомоти ҳокимияти қонунгузори субъекти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» месупорад.

8.5.4. Барои созишномаи соҳавӣ (тарифӣ) таклифҳо тайёр мекунад, бо корфармоён шартномаҳои коллективӣ мебандад. Дар кор кардан ва бастани шартномаҳои коллективӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисоди ва иҷтимоӣ-меҳнатии кормандон бо корфармоён иштирок намуда, иҷрои онҳоро назорат менамояд.

8.5.5. Ба ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба оиди бастани шартномаи коллективӣ ва созишномаҳо ёри мерасонад.

Бо розигии кумитаҳои иттифоқи касаба намояндагони худро ба ҳайати комиссия оид ба кор карда баромадан, гуфтушунид кардан ва бастани шартномаҳои коллективӣ таъин мекунад, мувофиқ будани онро бо созишномаи соҳавӣ (тарифӣ) назорат мекунад, мутахассисони варзидаи эксперти – ихтисосиро барои кор кардани шартномаҳои коллективӣ ҷалб менамояд, дар мавридҳои зарури ташаббуси иштирок намудан дар гуфтушунидҳо бо корфармоён оиди бастани шартномаро ба зиммаи худ мегирад.

8.5.6. Бо шӯъбаҳои шуғли аҳолӣ ҳамкорӣ мекунад, бораи нигоҳ доштан ва таъсиси ҷойҳои нави кор таклифҳо кор карда мебарояд, дар кор кардан ва иҷрои барномаи минтақавӣ оиди таъмини ҷои кор иштирок мекунад, додани кафолатҳои давлатиро дар бобати масъалаи ба кор таъмин намудани кормандон, ба кор қабул кардан ва озод намудан, додани имтиёзҳо ва ҷубронҳо, тайёр кардан ва аз нав тайёр кардани кормандонро дар асоси қонуният ва созишномаҳои соҳавӣ (тарифӣ) назорат менамояд.

8.5.7. Барои маслиҳатҳои байниҳамдигарии мақомоти ҳукумати иҷроия ва корфармоён тавассути пешгири кардани бо таври оммавӣ, аз кор озод кардани кормандон гуфтугузор мекунад. Холатҳои риоя шудани меъёрҳои қонун муайян кардаро, оиди ҳимояи кормандон барои бо таври оммавӣ аз кор озод нашудан назорат мекунад, дар бобати чунин барномаҳо, ки сабабгори аз кор озодшавии кормандон мешавад, барои дар дигар маврид гузаронидани онҳо таклифҳо мегузорад.

8.5.8. Баҳри манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касаба дар хусуси ба вуқуъ омадани тартиби муфлиси дар ташкилот назорати ҷамъиятӣ мебарад. Дар мақомоти ҳукумати иҷроия, прокуратура, суд пешгири кардани муфлисшавии қалбакии корхонаро муваффақ мешавад.

8.5.9. Барои ба кормандони хориҷи пахши истифода кардани созишномаи соҳавӣ (тарифӣ) ва шартномаҳои коллективии амалкунандаро назорат мебарад.

8.5.10. Бо роҳи гуфтушунид ба вуқуъ омадани баҳсҳои (мухолифатҳои) меҳнатиро пешгирӣ менамояд, дар мавриди ба амал омаданашон дар ҳалли онҳо иштирок менамояд. Барои ҳифзи ҳуқуқҳои қонуни ва манфиатҳои аъзоёни итифоқи касаба амалҳои эътирозӣ то худи корпартоӣ ташкил менамояд.

8.5.11. Дар ҳудуди вилоят барои риояи санадҳои қонунбарории амалкунанда, созишномаи соҳавӣ (тарифӣ) ва шартномаҳои коллективӣ назорат мебарад. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳо, дар мавридҳои вайрон кардани созишномаҳо, шартномаҳо ва амали зидди қонун зоҳиркардаи корфармо, муроҷиат мекунад.

8.5.12. Дар асоси қонун ва Оинномаи мазкур ҳуқуқҳои фаъолони иттифоқи касабаро ҳифз карда, ба поймол шудани он аз тарафи корфармоён роҳ намедиҳад. Ба соҳибони ташкилот, корфармоён ва ё намояндагони онҳо, ки ба фаъолияти иттифоқи касаба мудохила мекунанд, имконият намедиҳад.

8.5.13. Дар ҳолатҳои тақсим шудани ташкилоти хоҷаги ба аъзоёни иттифоқи касаба барои нигоҳ доштани ягонагии сохтори иттифоқи касаба кӯмак мерасонад.

8.5.14. Дар бораи ба қайд гирифтан ва аз қайд озод намудани ташкилотҳои иттифоқи касаба қарор қабул мекунад, дар таъсис намудан ва барҳам додани онҳо иштирок менамояд. Ба ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба барои дар амал баровардани ҳуқуқ ва вазифаҳояшон тарафдорӣ ва ёрии амалӣ мерасонад.

8.5.15. Дар минтақа ба ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ки аз тарафи шахсони шуғли меҳнатии фардӣ дошта, инчунин озодшудагон аз ташкилоти барҳамхурда, ташкил карда шудаанд, роҳбари мекунад.

8.5.16. Дар ташкилотҳои ибтидои муҳокима кардани масъалаҳои барои итифоқи касаба муҳим бударо ташкил менамояд.

8.5.17. Қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва мақомоти интихобии онро, ки мухолифи Оинномаи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ва меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, ҳуқуқи бекор кардан дорад.

Дар бораи масъулияти роҳбарияти ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, оиди иҷро накардани вазифаҳои оинномавиашон ва фаъолияте, ки бар зарари иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» равона сохтаанд, қарор қабул мекунад.

8.5.18. Бо пурраги ҷамъ кардани ҳаққи аъзогиҳои иттифоқи касабаро дар ташкилоти вилоятӣ назорат мебарад ва дар бораи мувофиқи тартиботи муайяншуда гузаронидани ин маблағ ба суратҳисоби Кумитаи Марказии иттифоқи касаба масъулиятдор мебошад.

8.5.19. Харҷномаи буҷаи иттифоқи касабаи ташкилоти вилоятӣ, сохтор, ҷадвали мансабҳои дастгоҳ, шаклҳо, низоми музди меҳнатро бо баҳисобгирии тавсияномаҳои Кумитаи Марказии иттифоқи касаба тасдиқ менамояд.

8.5.20. Ба аъзоёни иттифоқи касаба дар бораи ба амал даровардани қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ, ки ба манфиатҳои кормандон дахл доранд, дар бораи қарорҳои Кумитаи Марказии иттифоқи касаба ва кумитаи иҷроияи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ва иҷрои онҳо, дар бораи фаъолияти худ ва вазъият дар ҳаракати иттифоқҳои касаба, ахборот медиҳад. Ба Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дар бораи фаъолияти кумитаи ҳудудии вилоятии иттифоқи касаба ва вазъият дар ташкилотҳои ибтидои ҳисобот медиҳад.

Ҳуқуқ дорад, ки ба фаъолияти нашриявӣ машғул шавад, нашрияи мақомоти худро, маълумотӣ-таҳлилӣ, ахборотӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо нашр намояд.

8.5.21. Ҳар сол дар назди аъзоёни иттифоқи касаба дар бораи кори худ ва иҷрои буҷаи солона ҳисобот медиҳад, шакли гузаронидани ҳисоботҳоро муайян менамояд. Дар бораи иҷрои буҷаи солона дар назди Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ҳисобот медиҳад.

8.5.22. Омӯзиши роҳбарияти иттифоқи касаба ва раисони комиссияҳои кумитаҳои иттифоқи касабаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоҳи касабаро ташкил менамояд, дар омӯзиши фаъолони иттифоқи касаба кӯмак мерасонад.

8.5.23. Кори ҷо ба ҷо гузории кадрҳои иттифоқи касаба ташкил ва ҳамоҳанг месозад. Барномаи вилоятии тайёр кардани захираи кадрҳоро тайёр ва тасдиқ менамояд.

8.5.24. Комиссияҳои доимиро ташкил медиҳад, ваколатҳои онҳоро муаяйн мекунад, ҳисоботҳои кории онҳоро мешунавад.

8.5.25. Дар асоси қарорҳои бо ташкилоти ибтидои мувофиқ карда шуда метавонад вазифаҳои ба ваколати вай дода шудаи кумитаҳои иттифоқҳои касабаи дахлдорро иҷро намояд, дар ҳолати аз тарафи корфармо гузаронидани ҳаққи аъзогии итттифоқи касаба дар ҳаҷми пурра ба ҳисоби кумитаи вилоятии иттифоқи касаба, хизматрасонии ҳисобӣ-хазинавии ин ташкилотҳоро иҷро мекунад.

8.5.26. Дар бораи ба иттиҳодияи иттифоқи касабаи вилоятӣ дохил шудан бо розигии КМ итттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», қарор қабул мекунад. 

8.5.27. Дар асосҳои баробари дар идора кардани фондҳои иҷтимоии суғурта, шуғли аҳолӣ, суғуртаҳои тиббӣ, нафақа ва ғайра иштирок мекунад.

8.5.28. Пленумҳои кумитаи вилоятии иттифоқи касаба дар ҳолати зарурӣ, вале на камтар аз як маротиб ҳар сол даъват карда мешаванд.

8.5.29. Як қисми ваколати худро ба кумитаи иҷроияи вилоятӣ медиҳад.

Дар ҳайати кумитаи иҷроия аз рӯи мансаб, раис ва муовинони раиси кумитаи иттифоқи касаба дохил мешаванд.

8.6. Кумитаи иҷрои кумитаи итифоқи касабаи вилоятӣ:

8.6.1. Мувофиқи вазифаҳои ба ӯ тааллуқ дошта ва ваколатҳои кумитаи вилоятӣ дода ба фаъолияти ҷории ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба роҳбари менамояд. Ба ташкилотҳои ибтидоии ёриҳои методию ташкили мерасонад.

8.6.2. Маҷлиси кумитаи вилоятии иттифоқи касабаро даъват мекунад.

8.6.3. Вазифа ва ҳуқуқҳои муовинони раиси иттифоқи касабаи вилоятиро тасдиқ менамояд.

8.6.4. Фаъолияти молиявӣ – хоҷагидориро ба ҷо меорад, дар асоси харҷномаи тасдиқшуда ба сарфи маблағҳои ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба роҳбари менамояд.

8.6.5. Дар ташкил ва тасдиқи буҷаи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба иштирок менамояд.

8.6.6. Номзадҳоро ба вазифаҳои сармуҳосибҳои кумитаҳои иттифоқи касаба мувофиқа мекунад.

8.6.7. Ҷаласаи кумитаи иҷроия мувофиқи зарурият, аммо на камтар аз як маротиб дар ҳар семоҳа гузаронида мешавад.

8.7. Раиси кумитаи иттифоқи касабаи вилоятӣ:                              

8.7.1. Фаъолияти кории ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба, кумита, кумитаи иҷроияро барои иҷрои вазифаҳои оинномавии иттифоқи касаба, қарорҳои анҷумани он, Кумитаи Марказӣ ва кумитаи итттифоқи касабаи вилоятиро ба роҳ мемонад.

8.7.2. Бе ваколатнома аз номи ташкилоти вилоятӣ, мақомоти интихобӣ амал мекунад, манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касабаро дар назди корфармоён (итиҳодияҳои корфармоён), инчунин дар ҳамаи мақомот ва ташкилотҳо оиди масъалаҳои ба фаъолияти оинномавии иттифоқи касаба тааллуқ дошта ифода мекунад.

8.7.3. Барои ба пурраги ҷамъ кардани ҳаққи аъзогиҳои иттифоқи касаба дар ташкилотҳои вилоятӣ ва риоя кардани низоми ҳатмии гузаронидани онҳо шахсан масъулиятдор мебошад, дар асоси қарори мақомоти интихобӣ ба амвол ва маблағҳои ташкилоти вилоятӣ роҳбарӣ мекунад, ваколатномаҳо медиҳад, дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисоб ва дигар ҳисобиҳо мекушояд.

8.7.4. Ба ҳайати кории дастгоҳ роҳбарӣ мекунад, бо кормандони кумита шартномаҳои (қарордод) меҳнатӣ мебандад ва бекор мекунад, барои кормандони мазкур фармоишҳо ва дигар маводҳои барои онҳо ҳатми медиҳад, фаъолияти ҳайати кориро ҳамоҳанг месозад.

8.7.5. Дигар амалҳои барои иҷрои мақсадҳо ва вазифаҳои иттифоқи касаба зарур бударо дар доираи ҳуқуқҳои додашудаи қонунгузори, Оинноми, қарорҳои анҷумани иттифоқи касаба, пленумҳои кумитаи маркази, пленумҳои кумитаи вилоятӣ, созишномаҳо ва Низомнома дар бораи ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба, иҷро менамояд.

8.7.6. Ба ҳисобгирӣ ва нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии кормандон ва сари вақт ба бойгонии давлатӣ супоридани онҳоро ташкил мекунад.

 

IX. МАКОМОТҲОИ ОЛӢ ВА ДОИМАМАЛКУНАНДАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ «ТОҶИКМЕТАЛЛ»

9.1. Мақомоти олии Иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл») анҷуман мебошад, ки дар ҳафт сол як маротиба даъват карда мешавад. Ҳуқуқи даъвати анҷуманро Пленуми Кумитаи Марказии иттифоқи касаба дорад.

Анҷумани ғайринавбатии иттифоқи касаба дар асоси дархости маҷлисҳо, конфронсҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба ва ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба, ки аз се як ҳиссаи аъзоёни иттифоқи касабаро дарбар мегиранд, даъват карда мешавад. Дар чунин ҳолат Кумитаи Марказии иттифоқи касаба вазифадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз 3 моҳ анҷуманро даъват кунад.

9.2. Анҷумани иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл».

- ҳисоботҳоро дар бораи фаъолияти Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», комиссияи назоратию тафтишотии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» шунида, оиди онҳо қарор қабул мекунад;

- вазъият дар иттифоқи касаба ва ҳаракати иттифоқи касабаро муҳокима менамояд, барномаи амалиёт ва вазифаҳои навбатии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро муайян месозад;

- Оинномаи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», тағйирот ва иловаҳо ба он, низомномаи комиссияи назоратию тафтишотии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриро, ки махсус ба салоҳияти вай таъллуқ дорад, тасдиқ менамояд;

- дар бораи дохил шудан ба иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба, агар онро афзоиши меъёри ҷудо кардани ҳаққи аъзоги ба Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» талаб намояд, қарор қабул мекунад;

- раиси иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро интихоб мекунад;

- ҳайати Кумитаи Марказии «Тоҷикметалл»-ро интихоб ва тасдиқ мекунад;

- комиссияи назоратию тафтишотии иттифоқи касаба ва раиси онро интихоб мекунад;

- масъалаҳои аз нав ташкилшавӣ, қатъ кардани фаъолияти иттифоқи касабаро ҳал мекунад.

9.3. Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл».

9.3.1. Кумитаи Маркази - мақомоти доимамалкунандаи роҳбарикунандаи иттифоқи касаба буда, ҳуқуқи дар байни анҷуманҳо қарор қабул карданро дорад. Он ба фаъолияти ташкилоти умумиҷумҳуриявӣ (иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл») мувофиқи Оиннома роҳбари мекунад. Кори Кумитаи Марказиро раиси иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» роҳбарӣ мекунад.

9.3.2.  Кумитаи Марказӣ дар фаъолияти худ, дар назди анҷумани иттифоқи касаба ҳисоботдиҳанда аст.

9.3.3. Дар давраи байни анҷуманҳо Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» метавонад конфронсҳо даъват намояд, рӯзномаи онҳоро тасдиқ кунад, меъёри намояндагӣ ва тартиби интихоби вакилонро муайян намояд.

9.3.4. Кумитаи Марказӣ бевосита вазифаҳои зеринро ба ҷо меорад:

- муовинони раиси иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро интихоб мекунад;

- иҷрои қарорҳои анҷуманро оид ба ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ, касбӣ, ва иқтисодии аъзоёни иттифоқи касаба дар доираи ҷумҳуриявӣ таъмин менамояд;

- манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касабаро ифода, тарафдорӣ ва ҳифз менамояд, ҳуқуқҳои онҳоро дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён ҳифз менамояд;

- дар тайёр кардан ва бастани Созишномаи Генералӣ иштирок мекунад, оиди тайёр кардан ва бастани созишномаҳои (тарифии) соҳавӣ машғул мешавад. Ба ташкилотҳои иттифоқи касаба дар тайёр кардан ва бастани шартномаҳои коллективӣ ва созишномаҳо ёрӣ мерасонад. Бо корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо гуфтушунид мебарад. Дар ҳама сатҳҳо оиди иҷрои созишномаҳо назорати доимӣ мебарад. Аъзоёни комиссияи тарифиро тасдиқ менамояд;

- ба воситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияи сетарафаи ҷумҳуриявӣ ҳамоҳанггардонии муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ дар кори мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тайёр кардани санадҳои қонунгузории иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва санадҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, инчунин дар назорати иҷроиши онҳо иштирок менамояд;

- иштироки иттифоқи касабаро дар гузаронидани таҳқиқ, экспертизаи лоиҳаҳои қонун, дигар санадҳои меъёрӣ, барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва иқтисодӣ таъмин месозад;

- ба мақомоти интихобии вилоятӣ, ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, аъзоёни иттифоқи касаба барои дар маҳалҳо амалӣ намудани талаботҳои асосии созишномаҳои соҳавӣ (тарифӣ) ёриҳои амалӣ, методӣ, ҳуқуқӣ мерасонад;

- дар асоси талаботи ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, аъзоёни иттифоқи касаба амалҳои гуногуни барои дастгирии ҳаракатҳои коллективӣ дар минтақаҳо, аз ҷумла корпартоиҳо дар асоси риояи қонунгузорӣ, ташкил ва мувофиқа менамояд;

- барои пурра шарҳ додани Оинномаи мазкур ва кисматҳои алоҳидаи он ҳуқуқ дорад;

- принсипҳои ҳамраъии иттифоқҳои касаба, Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон, конвенсияҳо ва тавсияномаҳои Ташкилоти байналмилалии меҳнат, дигар санадҳоро ба роҳбарӣ гирифта, равобити байналмилалиро густариш медиҳад, ташкили сиёсати байналмилалии худро ташкил мекунад;

- дар идора кардани фондҳои давлатии суғуртаи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ, суғуртаи тиббӣ, нафақа ва ғайраҳо, ки аз ҳисоби ҳаққи аъзогиҳои суғурта ташкил меёбанд, иштирок менамояд;

- таъмини ҳуқуқии ҳифзи манфиатҳои ташкилотҳои иттифоқи касабаро дар Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти судӣ, дар Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил менамояд;

- омӯзиши кадрҳои иттифоқи касаба ва фаъолони ташкилотҳои иттифоқи касабаро дар сатҳи роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ ва ибтидоии иттифоқи касаба ташкил мекунад, кори хоста гирифтан, ҷо ба ҷо гузорӣ ва тайёр кардани захираҳои кадрҳоро ҳамоҳанг месозад. Ташкилотҳои иттифоқи касабаро барои тайёр намудани кадрҳо дар ҷойҳо бо ҳуҷҷатҳои методӣ таъмин месозад;

- низомномаҳои намунавӣ дар бораи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба ва ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба, инчунин дар бораи дигар сохторҳои ташкилии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро тасдиқ мекунад:

- ҳуҷҷатҳои меъёриро дар бораи фаъолияти ташкилотҳои иттифоқи касаба, мақомоти интихобии онҳо тайёр ва тасдиқ мекунад;

- барои дида баромадан дар Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ тавассути меҳнат ва истироҳати кормандон таклифҳо пешниҳод намуда, дар ҳаллу фасли онҳо иштирок менамояд;

- бо иттиҳодияҳои иттифоқи касаба ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ барои манфиатҳои кормандон ҳамкорӣ менамояд, дар бораи ба узвияти иттиҳодияҳои иттифоқи касаба дохил шудани иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» қарор қабул мекунад;

- оиди воситаҳои ахбори умум дар бораи масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ ва иҷтимои-иқтисодӣ аз номи иттифоқи касаба изҳорот медиҳад;

- дар бораи таъсиси фондҳои иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», ки дар амалӣ шудани вазифаҳои оинномавӣ кӯмак мерасонад, қарор қабул мекунад;

- дар ҳолатҳои зарурӣ комиссия, шӯроҳои доимӣ ё муваққатӣ амалкунанда таъсис медиҳад, ба кори онҳо роҳбарӣ менамояд, раисони комиссияҳо ва шӯроҳоро тасдиқ мекунад;

- дар роҳбарии фаъолияти ташкилотҳое, ки Кумитаи Марказии иттифоқи касаба муассис аст, иштирок менамояд;

- барои иҷрои вазифаҳо оиди ҳифзи меҳнат, саломатӣ, ҳифзи ҳуқуқии кормандон, Кумитаи Марказӣ метавонад нозироти техники ва ҳуқуқии меҳнат таъсис намояд, ки дар асоси низомномаҳо амал мекунанд.

9.3.5. Кумитаи Марказии иттифоқи касаба ҳуқуқ дорад, ки дар ҳолатҳои фавқуллода дар бораи ҷамъоварии ҳаққи аъзогиҳои яквақтаи махсус, онро пешакӣ дар ташкилотҳои иттифоқҳои касаба муҳокима карда, қарор қабул намояд;

9.3.6. Кумитаи Марказии иттифоқи касаба ҳуқуқ дорад, ки қарорҳои ҳамагуна мақомоти интихобии поёнии иттифоқҳои касаба ва роҳбарони онҳоро, ки ба вайрон кардани Оинномаи иттифоқи касаба қабул шудааст, бекор намояд. Дар бораи ҷавобгарии роҳбарони мақомоти интихобии поёни иттифоқи касаба барои иҷро накардани вазифаҳои оинномавӣ ва фаъолияти онҳо, ки бар зарари иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» равона шудааст, қарор қабул мекунад.

9.3.7. Кумитаи Марказӣ ошкорбаёнии қарорҳои худро таъмин карда, фаъолияти нашриёти-ахборотиашро ба амал меоварад.

9.3.8. Пленуми Кумитаи Марказӣ мувофиқи зарурат, дар як сол на камтар аз як маротиба даъват карда мешавад.

9.3.9. Кумитаи Марказии иттифоқи касаба барои амалӣ гардонидани қарорҳои анҷуман, ташкили фаъолияти иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дар байни пленумҳои Кумитаи Марказии иттифоқи касаба–Кумитаи иҷроия интихоб мекунад ва як қисми ваколатҳояшро метавонад ба ӯ диҳад.

9.4. Кумитаи иҷроияи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи Тоҷикметалл»:

9.4.1. Аз ҳайати аъзоёни Кумитаи Марказии иттифоқи касаба интихоб карда мешавад. Аз рӯи вазифа ба ҳайати он раиси иттифоқи касаба, муовинони ӯ дохил мешаванд. Миқдори ҳайати кумиҷроияи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаро пленуми Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» муайян менамояд.   

9.4.2. Маҷлиси Кумитаи иҷроия на камтар аз як маротиба дар ҳар семоҳа гузаронида мешавад.

9.4.3. Вазифаҳои кумиҷроия:

- иттифоқи касабаро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифи менамояд;

- риоя кардани Оиннома, иҷрои қарорҳои анҷуман ва пленумҳои Кумитаи Марказии иттифоқи касабаро назорат мекунад;

- тартиби амалигардонидани самтҳои фаъолияти иттифоқи касабаро, ки анҷуман, пленумҳои Кумитаи Марказии иттифоқи касаба тасдиқ кардааст, кор карда мебарояд;

- пленумҳои Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро даъват мекунад;

- иҷрои созишномаҳои соҳавӣ (тарифӣ)-ро назорат карда, барои иҷрои онҳо чораҳо меандешад;

- дар бораи ба қайд гирифтан ва аз қайд баровардани ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи минтақаҳое, ки ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба надоранд, қарор қабул мекунад;

- тавсияномаҳо, дастуруламалҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриро, ки барои ба амал баровардани фаъолияти мақомоти интихобии вилоятӣ, кумитаҳои иттифоқҳои касаба заруранд, тайёр ва тасдиқ карда, ба онҳо мерасонад;

- бо пуррагӣ саривақт ворид шудан ва гузаронидани ҳаққи аъзгиҳоро назорат менамояд;

- бо пешниҳоди Раис, мудирони шӯъбаҳо, сармутахассисон, кормандони нозиротро тасдиқ мекунад;

- ба ташкилотҳои иттифоқи касаба дар маҳаллҳо ёрии амали мерасонад;

- вазъияти ҳаракати иттифоқи касабаро дар ҷумҳурӣ таҳлил мекунад;

- аз рӯи пешниҳодҳои ҳуҷҷатҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва кумитаи вилоятии иттифоқи касаба раисон ва сармуҳосибони кумитаҳои иттифоқи касаба ва кумитаҳои вилоятиро тасдиқ мекунад;

- маоши раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба ва кумитаи вилоятии иттифоқи касаба ва муҳосиботи онҳоро муайян ва тасдиқ мекунад;

- тақсимоти вазифаҳо ва ҳуқуқҳои муовинон, мудирони шӯъбаҳоро бо пешниҳоди раиси иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» тасдиқ мекунад;

- нақшаи солонаи буҷаи Кумитаи Марказиро тасдиқ мекунад;

9.5. Ба раиси иттифоқи касаба (муовинони он - бо супориши раис) ҳуқуқ дода мешавад:

- иттифоқи касабаро дар мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, ташкилотҳои байналмилали муаррифи намояд ва аз номи вай гуфтушунидҳо гузаронад;

- дар мавридҳои зарурӣ дар асоси қарорҳои қабулкардаи Кумитаи Марказии иттифоқи касаба ва кумитаи иҷроияи он, изҳорот диҳад, муроҷиатнома ва дархост фиристонад;

- маҷлисҳои кумиҷроияро даъват кунад, ба қарорҳои қабул кардаи онҳо имзо гузорад;

- бо дигар иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои иттифоқи касаба, иттиҳодияҳои корфармоён, вазоратҳо, идораҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳукумати иҷроия, ташкилотҳои байналмилалӣ созишнома ва шартномаҳо бандад ва сипас дар кумитаи иҷроия ё пленуми Кумитаи Марказии иттифоқи касаба тасдиц карда шаванд;

- фаъолияти кори дастгоҳи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаро ба роҳ монад;

- барои таъмини кори дастгоҳи Кумитаи Марказии иттифоқи касаба дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кормандонро ба кор қабул ва озод менамояд;

- нобовари изҳор намудан нисбати раисони кумитаи иттифоқи касабаи вилоятӣ, кумитаҳои иттифоқи касабаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои соҳа, муовинони онҳо ва мақомоти роҳбарикунандаи ташкилотҳои вилоятӣ ва ибтидоии иттифоқи касаба, ки вазифаҳои оинномавии худро пурра иҷро намекунанд ва бемасъулияти зоҳир менамоянд, нисбати онҳо ба ташкилотҳо, кумитаҳои иттифоқи касабаи дахлдор барои чорабини пешниҳодот ирсол менамояд. 

- оиди маблағҳои молиявӣ ва моддӣ дар доираи вазифаҳои оинномавӣ ва буҷаи тасдиқшуда амр диҳад;

- аз номи иттифоқи касаба ва Кумитаи Марказии он ба протоколҳо, мукотибаҳо, барқияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо имзо гузорад;

- баҳисобгири ва нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии кормандон ва саривақт супоридани онҳоро ба бойгонии давлатӣ ташкил намояд.

 

X. ИҶРО КАРДАНИ ҲУҚУҚ БАРОИ КОРПАРТОИҲО

10.1. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ва мақомоти он мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи гузаронидани корпартоиҳо ва истифода бурдани онҳоро ҳамчун воситаи ҳифзи иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва манфиатҳои кормандон, доранд.

10.2. Аз номи кормандон ҳуқуқи пешниҳоди талабномаро оиди баҳсҳои меҳнатии коллективӣ инҳо доранд:

10.2.1. Дар ташкилотҳо-кумитаи иттифоқи касаба. Талабот бояд бо аксарияти овозҳо, дар маҷлис (конфронс)-и ташкилоти иттифоқи касаба қабул карда шуда, дар шакли хаттӣ ба корфармо пешниҳод карда шавад. Дар як вақт дар маҷлис (конфронс) намояндагони ваколатдор барои иштирок дар ҳалли баҳси меҳнатии коллективӣ интихоб карда мешаванд.

10.2.2. Дар соҳа-Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», дар ҳолати ба вуҷуд омадани баҳсҳои меҳнатии коллективии асосҳои якхела дошта, ё ки дар сатҳи соҳавӣ ҳалталабро, дар ташкилотҳо сохторҳои иттифоқи касаба, ки дар онҳо ба камаш сеяки ташкилотҳои аъзогии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дохиланд, ё зиёда аз бисту панҷ фоизи миқдори аъзоёни кормандони иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро ташкил медиҳанд.

Баъди ҷамъбаст кардани талаботҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва вилоятии иттифоқи касаба, Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» онҳоро дар сатҳи соҳавӣ пешниҳод менамояд.

Ҳуқуқи дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар сатҳи соҳавӣ иштирок карданро ба ӯ бо қарорҳои маҷлисҳои (конфронсҳои) ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, пленумҳои мақомоти вилоятии иттифоқи касаба ваколатдор карда мешавад.

10.3. Иштирок дар маросимҳои созишкунӣ баъди пешниҳод намудани талабнома аз номи кормандон ба намояндагони мақомоти иттифоқи касаба вогузор карда мешавад, ки ба онҳо ваколати иштирок кардан дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дода шуданд. Намояндагони ваколатдор дар сатҳи минтақавӣ ва соҳавӣ аз тарафи макомоти интихобии иттифоқи касабаи дахлдор таъин карда мешаванд.

10.4. Агар гуфтушунидҳои созишкунӣ дар ҳалли мубоҳисаҳои меҳнатӣ натиҷа набахшад, мақомоти иттифоқи касаба метавонанд ташаббускори гузаронидани корпартоӣ шаванд.

10.4.1. Қарор дар бораи корпартоиро маҷлис (конфронс)-и ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба қабул мекунад. Қарор дар ҳолате қабул шуда ба ҳисоб меравад, ки ба он на кам аз нисфи иштирокчиёни маҷлис (конфронс) овоз додаанд.

Корпартоиро мақомоти иттифоқи касабае сарвари мекунад, ки ба ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳалли баҳси меҳнатии коллективӣ дода шуда буд.

10.5. Мақомоте, ки ба корпартоӣ сарвари мекунад, метавонад онро манъ намояд, ё қарори анҷом додани онро қабул намояд. Бе қарор ва иҷозати мақомоти роҳбарикунанда, бас кунонидани корпартоӣ вайрон кардани интизоми иттифоқи касаба ҳисобида мешавад.

10.6. Дар мавриде, ки суд қарор дар бораи ғайриқонуни будани корпартоӣ ё ба дигар вақт монондани он ё манъ кардани корпартоии саршударо қабул мекунад, мақомоти иттифоқи касаба, ки ба корпартоӣ сарвари мекунад вазифадор аст ҳатман ба таври фаврӣ ба иштирокчиёни корпартоӣ дар бораи қарори суд ахборот диҳад, оиди иҷрои ин қарор чора бинад, қарори худашро дар бобати қатъ кардан, ба дигар вақт монондан ё манъ кардани корпартоӣ қабул намояд.

10.7. Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба, ки дар корпартоии оммавӣ иштирок надоранд бо иқдомҳои ҳамраъйи бо корпартофтагон ҳамкори менамоянд.

10.8. Қарор дар бораи шакл, меъёри маблағи кӯмак расониданро ба корпартоён, мақомоте қабул мекунад, ки ба корпартоӣ роҳбари кардааст. Барои ин мақсадҳо маблағҳои буҷаи иттифоқи касаба ва фонди ҳамраъйи равона карда мешавад.  

 

XI. ҲАҚҚИ АЪЗОГИҲО

11.1. Асоси молиявии иттифоқи касабаро ҳаққи аъзогиҳои иттифоқи касаба ташкил мекунад. Аз давраи ба иттифоқи касаба дохил шудан ҳар як аъзои он вазифадор аст, ки ҳар моҳ мувофиқи нишондоди оинномаи мазкур ҳаққи аъзоги супорад.

11.2. Ҳаққи аъзогиҳои ҳармоҳаи иттифоқи касаба дар ҳаҷми зерин муқаррар шудааст:

- барои аъзоёни иттифоқи касаба, ки кор мекунанд – 1 фоиз аз музди меҳнати ҳармоҳа ва дигар даромадҳое, ки ба фаъолияти меҳнатӣ вобастаанд;

- барои хонандагон ва донишҷӯён – 0,5 фоиз аз маблағи стипендия.

Миқдори ҳаққи аъзогиҳо барои нафақагирон, шахсоне, ки муваққатан кор намекунанд, ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба мустақилона муайян мекунад.

11.3. Ҳаққи аъзогиҳо бо роҳи ғайринақди ҷудо кардан аз музди меҳнат бо аризаи аъзои иттифоқи касаба ё дигар тартибе, ки ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба муайян мекунад, рӯёнда мешаванд. Тартиб ва шароити ғайринақди гузаронидани ҳаққи аъзогиҳо дар шартномаи коллективӣ муқаррар карда мешавад.

11.4. Аъзоҳаққиҳои аъзоёни иттифоқи касаба моликияти хусусии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ва ташкилотҳои он ҳастанд.

11.5. Ҳармоҳа ҳатми ҷудо кардани тақсими ҳаққи аъзоги дар иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл».

11.5.1. Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба на камтар аз 35 фоизи ҳаққи аъзогиҳо ҷамъкардаи аъзоёни иттифоқи касабаро ба мақомоти вилоятии иттифоқи касаба мегузаронад. Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи ба Кумитаи Марказии иттифоқи касаба мустақим дохилшуда на кам аз 35 фоиз ба суратҳисоби Кумитаи Марказии «Тоҷикметалл» мегузаронад.

Маблағи дар ихтиёри ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба боқимонда аст, барои фаъолияти оинномавӣ ва ташкили фондҳо сарф карда мешавад. Тартиби ташкил ва истифодаи фондҳоро кумитаи иттифоқи касаба муайян менамояд.

11.5.2. Ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ки мустақим ба Кумитаи Марказии иттифоқи касаба дохиланд ва корфармо пурра ба ҳисоби Кумитаи Марказии иттифоқи касаба ҳаққи аъзогии кормандонро мегузаронад, дар ин сурат ҳисобу китоб ва хизматрасонии ин ташкилотҳоро Кумитаи Марказии иттифоқи касаба иҷро менамояд.

11.5.3. Мақомоти кумитаи вилоятии иттифоқи касаба аз маблағи ҳаққи аъзогии ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ 10 фоизи онро ба суратҳисоби Кумитаи Марказии иттифоқи касаба мегузаронад. Маблағҳои боқимонда дар асоси хароҷотномаи тасдиқшуда барои фаъолияти оинномавӣ, бо маблағ таъмин кардани иттиҳодияҳои иттифоқи касаба, ки ба он ташкилоти вилоятӣ ворид мешавад ва барои ташкили фондҳо истифода мешаванд.

Тартиби ташкили фондҳо ва истифодаи онҳоро кумитаи вилоятии иттифоқи касаба муайян менамояд.

11.5.4. Кумитаи Марказии иттифоқи касаба маблағҳои ба суратҳисобаш воридшударо барои фаъолияти оинномавӣ маблағгузории иттиҳодияҳои иттифоқи касаба, ки ба онҳо иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дохил аст ва ташкили фондҳои иттифоқи касаба сарф менамояд. Тартиби ташкил кардан ва истифодаи фондҳоро Кумитаи Марказии иттифоқи касаба муайян менамояд.

11.6. Кумитаи иҷроияи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» метавонад мувофиқи муроҷиати асосноки мақомоти интихобии вилоятии иттифоқи касаба ва ё ташкилоти ибтидоӣ, ки бевосита ба ҳайати Кумитаи Маркази ворид аст, гузаронидани ҳаққи аъзогиҳои ӯро ба дигар мӯҳлат мононад.

11.7. Ташкилотҳои иттифоқҳои касаба, ки ба мақомоти болои бе сабабҳои узрнок гузаронидани маблағи молиявиро қатъ кардааст (ё аз меъёри муқарраршуда камтар гузаронидааст), дар асоси қарори мақомоти иттифоқи касабаи дахлдор огоҳ кунонида мешавад ва то 6 моҳ хизматрасонии иттифоқи касабаи онҳо то пардохти қарзҳо дар мӯҳлатҳои муқаррар кардаи мақомоти болоӣ, қатъ карда мешавад. Намояндагони ташкилотҳои мазкур дар мақомоти интихобии болоӣ дар ҳамин давра аз ваколатҳои худ маҳрум карда мешаванд.

11.8. Кумитаҳои иттифоқҳои касабаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо бо қарори маҷлиси умумии (конфронсҳои) иттифоқи касаба барои фаъолияти оинномавии худ метавонанд иловагӣ то 2 фоизи ҳаққи аъзогии алоҳида аз музди кор ва даромадҳои ҳармоҳа, дар асоси аризаи шахсии ҳар як аъзои иттифоқи касаба ҷудо намоянд.

Ин маблағҳо фақат барои харида гирифтан ва нигоҳ доштани иншоотҳои иҷтимоӣ, маданӣ, маишӣ, солимгардонии кормандон ва аъзоёни оилаҳои онҳо равона карда мешаванд.      

 

XII. МАБЛАҒ ВА АМВОЛ

12.1. Манбаи ташаккули маблағ ва амволи иттифоқи касаба инҳо мебошанд:

- ҳаққи аъзогии ҳармоҳаи аъзоёни иттифоқи касаба;

- пардохтҳои амволӣ ва хайрияи ихтиёрии шахсони ҳуқуқӣ ва фардӣ;

- даромадҳо аз ҳисоби гузоштани маблағҳои озоди молиявӣ дар муассисаҳои бонкӣ аз рӯи саҳм ва дигар қоғазҳои қимматбаҳо, ки ба иттифоқи касаба тааллуқ доранд;

- даромадҳо аз ҳисоби фаъолияти соҳибкории ташкилотҳо, ки онҳоро иттифоқи касаба таъсис кардааст;

- маблағҳое, ки аз корфармо ва иттиҳодияҳои онҳо дар асоси шартномаи коллективӣ ва созишнома барои гузаронидани корҳои иҷтимоӣ-маданӣ пешбини шудаанд;

- дигар маблағҳои воридотие, ки қонун манъ накардааст.

12.2. Амволи умумии иттифоқи касаба, ҳаққи аъзоги ва даромадҳо аз ҳисоби истеҳсолоти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигари иттифоқи касаба ба аъзоёни рафта ё аз аъзогии иттифоқи касаба хориҷ шуда, ё ба ташкилотҳое, ки аз ҳайати иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» баромадаанд, на пурра ва на қисман баргардонида намешавад ва танҳо барои ҳалли вазифаҳои оинномавӣ истифода мешаванд.

12.3. Моликиятдорони маблағ ва амволи иттифоқи касаба- иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ва ташкилотҳои он аст.

Кумитаи Марказии иттифоқи касаба, ташкилотҳои вилоятӣ ва ибтидоии иттифоқи касаба соҳиби ҳиссаи ҳаққи аъзогиҳоянд, ки онҳоро Оинномаи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» барои сохторҳои иттифоқи касаба муайян кардааст, инчунин ҳамаи амволеро, ки онҳо ба вуҷуд овардаанд ё харидаанд дар асоси қонунгузории амалкунанда ва оинномаи мазкур аз онҳо мебошад.

Ҳамаи ҷузъҳои таркибии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» аз рӯи ӯҳдадориҳо ба якдигар ҷавобдиҳанда нестанд.

12.3.1. Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» соҳиби ҳиссаи моликияти ба ӯ ҷудо кардаи иттифоқи касабаи соҳавии умумиҷумҳуриявӣ аст, ва ӯро дар симои Кумитаи Марказии иттифоқи касаба идора мекунад.

12.3.2. Дар ҳолати барҳам хӯрдани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба моликияти боқимондааш баъди пардохти маош (ҷубронпулӣ) ба кормандонаш, қаноатбахш кардани талаботҳои қарздорҳо аз рӯи қонуни амалкунанда ба ихтиёри ташкилоти болоии иттифоқи касаба мегузарад ва мувофиқи мақсадҳои Оиннома ва ташкилот истифода карда мешавад.

12.3.3. Дар мавриди барҳам дода шудани ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба моликияти боқимондаи ӯ баъди додани музди меҳнати (ҷубронҳои), ҳайати кории кумитаи вилоятӣ, қонеъ кардани талаботи қарздиҳандаҳо қисми боқимондаи он ба ихтиёри Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» мегузарад ва дар байни ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи дар ҳудуди ташкилоти вилояти собиқ амал мекардагӣ, тақсим карда мешавад.

12.3.4. Баъди қатъ шудани фаъолияти иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» тартиби истифодабарии амвол ва маблағҳои баъди ҳисобу пардохтҳои мувофиқи қонун дар назар дошта, боқимонда аз тарафи анҷумани иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» муайян карда мешавад.

12.4. Ба молу мулки иттифоқи касаба қитъаҳои замин, биноҳо, сохтмон, иншоот, дармонгоҳҳои табобатӣ, саёҳатӣ, муассисаҳои сиҳатӣ-варзишӣ, фонди манзил, нашриёт, матбаа, қоғазҳои қимматбаҳо, муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ, муассисаҳои илмию маърифатӣ ва дигар амволҳо, ки барои таъмин кардани фаъолияти оинномавии ӯ заруранд, дохил шуда метавонанд.

Иттифоқи касаба ҳақ дорад, ки бонк, фондҳои ҳамраъйӣ, суғуртавӣ, маданӣ-маърифатӣ, таълиму тарбияи кадрҳо ва дигар фондҳои бо мақсадҳои оинномавии иттифоқи касаба мувофиқро таъсис намояд.

Иттифоқи касаба ҳуқуқ дорад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ташкилотҳои таъсисдодаи худ барои татбиқи мақсадҳои оинномавӣ фаъолияти соҳибкорӣ ба амал барорад.

12.5. Маблағҳои иттифоқи касаба барои татбиқи ҳифз кардан, гузаронидани корҳои ташкилӣ, тарғиботӣ-равшаннамоӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тадқиқотҳои иҷтимоӣ, фаъолияти ахборотӣ-нашриявӣ, маоши ҳайати дастгоҳ ва хизмати корҳои хоҷагидорӣ, подошпулиҳои фаъолони иттифоқи касаба, додани маблағ барои иҷрои корҳои ихтисосӣ, таълими кормандон ва тайёр кардани фаъолони иттифоқи касаба, додани кӯмакпулиҳо ба аъзоёни иттифоқи касаба, фаъолияти байналмилалӣ, барои ташкили фондҳо, фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар вазифаҳои оинномавӣ, дар асоси буҷаи иттифоқи касаба, истифода мешаванд.

12.6. Харҷномаҳо ҳар сол аз тарафи кумитаи иҷроияи Кумитаи Марказӣ, кумитаи вилоятии иттифоқи касаба ва кумитаҳои иттифоқи касаба ибтидоии, дар пленумҳо, маҷлисҳо ва конфронсҳо тасдиқ карда мешаванд. Маҷлисҳо, конфронсҳо, кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ташкилотҳои ибтидоӣ харҷномаҳоро бо мувофиқаи мақомоти болоии иттифоқи касаба тасдиқ мекунанд.

12.7. Ҳисоботи молиявии намунаи муқаррар шударо ба мақомоти болоии иттифоқи касаба, дар мӯҳлатҳои муқаррар намудаи Кумитаи Марказии иттифоқи касаба пешниҳод мешаванд.

Аз тарафи роҳбарон ва кормандони молиявии кумитаҳои вилоятӣ ва кумитаҳои иттифоқи касабаи ташкилотҳо дар ҳаҷми пурра, саҳеҳ ва дар мӯҳлатҳои муқаррар карда шуда пешниҳод накардани ҳисоботҳо, вайрон кардани Оинномаи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» эътироф карда шуда, барои аз тарафи мақомоти иттифоқи касаба ба ҷавобгари кашидан, асос мешавад.

12.8. Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ҳуқуқҳои амволӣ ва маблағҳои молиявии иттифоқи касабаи соҳавиро дар мақомоти дахлдори салоҳиятдор ҳифз менамояд.

 

XIII. КОМИСИЯҲОИ НАЗОРАТИЮ ТАФТИШОТӢ

13.1. Комиссияи назоратию тафтишотии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дар анҷумани иттифоқи касаба, комиссияҳои назоратию тафтишотии вилоятӣ ва ибтидоии ташкилотҳои иттифоқи касаба дар конфронс (маҷлисҳои) дахлдор ба мӯҳлати эътибори мақомотӣ интихоби интихоб мешаванд.

13.2. Раиси комиссияи назоратию тафтишотии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»-ро бевосита анҷуман интихоб мекунад. Тартиби интихоби раисони комиссияҳои назоратию тафтишотии ташкилотҳои вилоятӣ ва ибтидоии иттифоқҳои касабаро конфронс, маҷлис муайян мекунад. Муовинони раисони комиссияҳо дар ҳамаи сатҳҳо дар ҷаласаҳои комиссияҳо интихоб мешаванд.

13.3. Аъзоёни мақомоти интихобии дахлдори иттифоқи касаба ва кормандони мансабдори дастгоҳи онҳо, аъзоёни комиссияи назоратию тафтишоти шуда наметавонанд.

13.4. Комиссияҳои назоратию тафтишотӣ вазифаҳои худро дар асоси Оиннома, Низомнома дар бораи комиссияҳои назоратию тафтишотии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ибтидоӣ ва вилоятӣ ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд.

Комиссияҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, дар назди анҷуман, конфронс, маҷлис ҳисоботдиҳанда ҳастанд. Ҳайати миқдори комиссияҳоро мақомоти онҳоро интихобкунанда, муайян мекунад.

Аъзоёни комиссияи назоратию тафтишоти барои махфӣ нигоҳ доштани ахборотҳои қабул карда, дар бораи фондҳои корпартоиҳои (фондҳои ҳамраъйи), сохторҳои иттифоқи касаба масъулиятдор мебошад.

13.5. Вазифаҳои комиссияҳо:

- риоя кардани Оинномаи иттифоқи касаба, дастуруламалҳо ва низомномаҳои дар иттифоқи касаба амалкунандаро назорат мекунанд;

- фаъолияти молиявӣ ва коргузориро тафтиш менамоянд, воридоти саривақтӣ ва пурраи ҳаққи аъзогиҳои иттифоқҳои касабаро, фаъолияти хоҷагидории мақомоти интихобии иттифоқи касабаро назорат мекунанд;

- мактубҳо, ариза ва шикоятҳои аъзоёни иттифоқҳои касаба, таклифҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, мақомоти ҳудудии иттифоқи касабаро, ки ба унвони он ворид шудаанд, дида мебароянд ва аз рӯи он қарорҳои дахлдор қабул мекунад;

- тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Кумитаи Марказӣ, мақомоти вилоятии иттифоқи касаба ва кумитаҳои иттифоқи касабаи ташкилотҳои ибтидоӣ аз рӯи ҷамъбасти сол, ҳатмӣ мебошанд;

- комиссияҳо аз натиҷаҳои санҷишҳо ва тафтишот ба аъзоёни иттифоқи касаба ва мақомоти дахлдори интихобӣ ахборот медиҳанд, ҳуқуқ доранд оиди ба ҷавобгари кашидани шахсони дар вайрон кардани Оиннома ва интизоми молиявӣ ҷавобгар, масъала мегузоранд;

- комиссияҳо нақшаи кории худро тасдиқ мекунанд, маҷлисҳои комиссияҳо дар як сол на камтар аз 2 маротиба гузаронида мешаванд.

13.6. Комиссияи назоратию тафтишотии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» оид ба фаъолияти тамоми мақомоти иттифоқҳои касабаи соҳавӣ тафтиш ва санҷиш мегузаронад. Ба комиссияҳои назоратию тафтишотии ташкилотҳои ибтидоӣ ва вилоятӣ ёриҳои методӣ, аз ҷумла дастуруламал ва маслиҳатномаҳо барои тафтиш ва гузаронидани санҷиш дар фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории мақомоти интихобии иттифоқи касаба тайёр карда медиҳанд.

13.7. Комиссияи назоратию тафтишотии ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба, фаъолияти мақомоти интихоботии иттифоқи касабаи дахлдорро назорат мебаранд, ҳуқуқ доранд оид ба фаъолияти молиявӣ-хоҷагии кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ташкилотҳои ибтидоӣ тафтиш гузаронад.

13.8. Комиссияҳои назоратию тафтишотии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ва ташкилоти вилоятии иттифоқи касаба, санҷиши (тафтиши) фаъолияти молиявии кумитаҳои ташкилотҳои поёниро, бо иштироки аъзоёни комиссияҳои назоратию тафтишотии ҳамин ташкилотҳо мегузаронанд.

13.9. Санадҳои тартибдодаи комиссияҳои назоратию тафтишоти барои муҳокима кардан ва чора андешидан аз тарафи мақомоти интихоботии дахлдори иттифоқи касаба дар мӯҳлати як моҳ ҳатми мебошад.

13.10. Аъзоёни комисияхои назоратию тафтишотӣ метавонанд дар маҷлисҳои мақомоти дахлдори интихобии иттифоқи касаба бо ҳуқуқи овози машварати иштирок намоянд.

13.11. Маблағгузории фаъолияти комиссияҳои назоратию тафтишотӣ аз ҳисоби буҷаи иттифоқи касабаи мақомоти интихобии дахлдори иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» иҷро карда мешавад.

 

XIV. ЧОРАҲО ОИД БА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АЪЗОЁНИ МАҚОМОТИ ИНТИХОБИИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

14.1. Иттифоқи касаба ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоёни мақомоти интихобиро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи мазкур таъмин менамояд.

14.2. Ба кормандони иттифоқи касаба, ки дар ташкилот (корхона) бо сабаби интихоб шудан (намоянда шудан) дар вазифаи интихобии мақомоти иттифоқи касаба аз кор озод шудаанд, баъди ба охир расидани муҳлати ваколати онҳо, кори (вазифаи) пештара дар ҳамин ва ё бо розигии корманд дар дигар ташкилот дода мешавад.

14.3. Дар мавриди имконнопазирии ба кори (вазифаи) мувофиқ дар ҷои кори пештара таъмин кардан дар ҳолати таҷдиди созмони ташкилоти хоҷагӣ, корфармо ё вориси ӯ ба корманди интихобии иттифоқи касаба аз кори истеҳсолӣ озод гардида, музди  меҳнати миёнаи ӯро дар давраи ба кор таъмин кардан, аммо на зиёд аз шаш моҳ ва дар ҳолати омӯзиш ё дигар кардани ихтисос ба мӯҳлати то як сол нигоҳ медорад.

Дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилот ва набудани ворис, адо кардани маблағи муайян карда шуда, ба кормандони иттифоқи касаба аз ҳисоби буҷаи иттифоқи касабаи дахлдор (фондҳои дар мақомоти иттифоқи касаба таъсис дода шуда) дода мешавад.

14.4. Дар ҳолати ба мӯҳлати нав интихоб нагардидани кормандони интихобии иттифоқи касаба ва аз ҷои кори истеҳсолиаш озод шуда, баъди ба охир расидани ваколатҳояш аз ҳисоби маблағҳои мақомоти вилоятии иттифоқи касаба ва Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.

14.5. Аъзоёни мақомоти интихобии иттифоқҳои касаба, ки аз кори асосиаш озод нашудааст, дар ҳолати ногузирӣ - ихтисор шудан (барҳам дода шудани ташкилоти хоҷагӣ, ихтисоршавии оммавӣ ва ғайраҳо) ҳуқуқи ёрии моддии иттифоқи касабаро гирифтан аз ҳисоби мақомоте, ки онҳоро интихоб карда буданд, доранд. (миқдори он аз тарафи мақомоти зикршуда бо баҳисоб гирифтани собиқаи иттифоқи касаба муайян карда мешавад).

 

XV. ТАРТИБОТИ АЗ ИТТИФОҚИ КАСАБА БАРОМАДАН, АЗНАВТАШКИЛКУНӢ, ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ СОХТОРҲОИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ «ТОҶИКМЕТАЛЛ»

15.1. Муттаҳидшавӣ ё ҷудошавии ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, бе алоқамандии баромадан аз иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», дар асоси қарорҳои маҷлисҳои умумии (конфронсҳои) ташкилотҳои номбурда ва розигии мақомоти болоии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ба амал оварда мешавад.

Ин тартиб дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Низомнома дар бораи ташкилоти ибтидоӣ ва Оиннома сурат мегирад. Масъалаҳои амволӣ бо тартиби муқаррар кардаи қонунгузорӣ ҳал мегардад.

15.2. Азнавташкилкунии ташкилотҳои вилоятии иттифоҳи касаба бо ташаббуси худи онҳо ва ё бо сабабҳои тағйир ёфтани тақсимоти ҳудудӣ-маъмурӣ ба амал бароварда мешавад. Қарор дар бораи азнавсозиро Кумитаи Марказии иттифоқи касаба қабул мекунад.

15.3. Қатъ гардидани фаъолият ва азнавташкилкунии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба, бо сабаби аз иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» баромадан, бо қарори маҷлис (конфронс)-и ҳамин ташкилот, бо ҳатман огоҳ кунонидани кумитаи вилоятии иттифоқи касаба (ба Кумитаи Марказии иттифоқи касаба барои ташкилотҳое, ки бевосита ба ҳайати он дохил аст) дар асоси овозҳои аз чор се ҳиссаи аъзоёни иттифоқи касаба, вакилони конфронс қабул шудааст, мумкин аст. Аъзоёни иттифоқи касаба, ки бо ин қарор розӣ нестанд, дар ин ҳолат маҷлиси таъсисиро оиди барпо кардани ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба мегузаронанд.

15.4. Барои дағалона вайрон кардани меъёри Оиннома, иҷро накардани талаботҳои банди 6.24, банди 11.7 ташкилоти ибтидоии (вилоятӣ) иттифоқи касаба бо қарори мақомоти болоии иттифоқи касаба мумкин аст, аз сохтори иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» хориҷ карда шавад. Қарор дар асоси аз чор се ҳисса овозҳои аъзоёни мақомоти дахлдори интихобии иттифоқи касаба қабул карда мешавад. Қарори қабул кардаи мақомоти вилоятии иттифоқи касаба, баъди тасдиқи пленуми Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», қувва пайдо менамояд.

Дар бораи аз қайд баровардани ташкилоти иттифоқи касаба, кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ба мақомотҳои адлия, андоз, муассисаи бонкӣ ва дигарҳо хабар медиҳад.

15.5. Қарор дар бораи барҳам додани ташкилоти вилоятӣ мумкин аст дар конфронси ҳамин ташкилот бо талаботи маҷлисҳои (конфронсҳои) аз се ду ҳиссаи ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ки аз се ду ҳиссаи аъзоёни иттифоқи касабаро муттаҳид месозад, ё бо ташаббуси Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» қабул карда мешавад. Дар мавриди аввал қарор дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти вилоятӣ бо Кумитаи Марказии иттифоқи касаба мувофиқа карда мешавад.

15.6. Масъала дар бораи қатъ кардани фаъолияти иттифоқи касаба мумкин аст бо талаби маҷлисҳо, конфронсҳои аксарияти ташкилотҳои иттифоқи касаба, ки аз се ду ҳиссаи аъзоёни иттифоқи касабаро муттаҳид месозанд, дар анҷумани иттифоқи касаба ҳал карда шавад. Қарори анҷуман дар мавриде қабул ҳисобида мешавад, ки аз се ду ҳиссаи вакилони анҷуман ба тарафдории он овоз дода бошанд.

Дар баробари қабули қарор дар бораи барҳам додани фаъолияти иттифоқи касаба, анҷуман комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис медиҳад, инчунин тартиби истифодаи амвол ва маблағҳои баъди барҳамдиҳии иттифоқи касаба боқимондаро, муайян месозад.

15.7. Аз давраи таъиноти комиссияи барҳамдиҳӣ ваколати идоракунии корҳои иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» ба ихтиёри он мегузаранд. Комиссияи барҳамдиҳӣ аз номи иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» дар суд баромад мекунад.

Комиссия дар мақомоти нашрия дар бораи барҳам дода шудани иттифоқи касаба, тартибу мӯҳлати изҳори талаботи қарздорҳо эълон чоп мекунонад. Мӯҳлати қабули аризаҳо бо талаботҳои қарздорҳо на кам аз ду моҳ аз рӯзи чоп шудани эълон оиди барҳамдиҳии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» бошад.

Комиссияи барҳамдиҳӣ дар бораи муайян кардани қарздиҳандаҳо ва гирифтани қарзҳои дебиторӣ чораҳо меандешад, қарздиҳандаҳоро дар шакли хаттӣ дар бораи қатъ гардидани фаъолияти иттифоқи касаба хабар медиҳад.

Барҳамдиҳии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл», баъди дар ин бора дар дафтари қайди ягонаи давлатӣ шахсони ҳуқуқӣ навиштан, ба анҷом расида ва иттифоқи касаба мавҷудияти худро қатъгардида ҳисоб карда мешавад.

 Яндекс.Метрика